12:29 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
СБМ масъалаи савдои одамон дар интернетро баррасӣ кард

Дар Душанбе масъалаи савдои одамон дар интернет баррасӣ шуд

© Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
167 0 0

Намояндаи созмонҳои иҷтимоӣ Тоҷикистон дар бораи истифода аз имкониятҳои фанновариҳои навини иттилоотӣ барои пешгирӣ аз ҷалби онлайнии қурбониёни эҳтимолӣ ва мусоидат ба онҳо иттилои бештар гирифтанд

ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Натиҷаҳои муқаддамотии тадқиқоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) доир ба муқовимат ба савдои одамон ва ҷалби онлайнии қурбониён дар Қазоқистон, Қирғизистон, ва Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми январи соли равон дар як чорабинӣ дар шаҳри Душанбе ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии се кишвар муаррифӣ гардид.  

Тақрибан 20 намояндаи созмонҳои иҷтимоӣ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолият мебаранд, бо тадқиқоти мазкур ошно гардида, дар бораи василаҳои ҷалби қурбониёни савдои одамон дар интернет маълумоти бештар гирифтанд.

Давраи омӯзишӣ доир ба роҳҳои муассири пешгирӣ аз савдои одамон бо истифода аз фанновариҳои навини иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби СБМ ва бо маблағгузории Бунёди рушди СБМ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тадқиқоти СБМ истифодаи фанновариҳои иттилоотӣ аз ҷониби одамфурӯшон барои ҷалби қурбониёни савдои одамон дар се кишвари Осиёи Марказиро фаро мегирад.

“Дастрасӣ ба интернет дар минтақа дар ҳоли афзоиш буда, ҷалби қурбониёнро ба савдои одамон низ ба ҷаҳони онлайн мебарад, ки он ҷо фаъолияти одамфурӯшон сареътар, интихобашон васеътар ва ҳувияташон махфитар мегардад”, - ӣаъкид намудааст СБМ.

Ҳамчун қисме аз ин лоиҳа, намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ба монанди афсарони пулис ва додситонҳо, ҳамчунин, ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба роҳҳои интернетие, ки савдогари одамон истифода мекунанд, имкониятҳои пешгирӣ аз ин фаъолиятҳо, ва истифода аз ин технологияҳо барои муқовимат ба савдои одамон тамрин мебинанд.

Давраи омӯзиширо коршиносони шинохтаи муқовимат ба савдои одамон –номзади илмҳои иҷтимоӣ, профессор Майя Русакова аз Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ва созмони ҷамъиятии минтақавии “Стеллит”, Илмира Маликова, мудири рушд ва кор бо расонаҳои Бунёди ёрӣ ба қурбониёни ҷиноят (Маскав), ва Владлена Авдеева аз  созмони ҷамъиятии минтақавии “Стеллит” (Санкт-Петербург) гузарониданд.

Барчаспҳо:
СБМ, душанбе, савдои одамон, савдо, одамфурӯшӣ, муҳоҷират, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ