05:50 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Мубориза бо ҷинояткорӣ, акс аз бойгонӣ

Мардуми қонунмадор: қиёси мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон бо ҳамсояҳо

© Sputnik / Сергей Венявский
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
170 0 0

Соли гузашта дар Тоҷикистон бамаротиб камтар аз Молдоваву Қирғизистон ҷиноят содир шудааст

ДУШАНБЕ, 15 фев - Sputnik. Нуфуси ин ду кишвари собиқ Шӯравӣ камтар аз Тоҷикистон аст. Тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2017, Молдова - 3,55 миллион, Қирғизистон - 6,202 миллион ва Тоҷикистон 8,921 миллион аҳолӣ доранд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли 2018 дар Молдова 32 ҳазору 32 ва Қирғизистон – 29 ҳазору 718, аммо дар Тоҷикистон 21 ҳазору 957 ҷиноят содир шудааст. Агар ин рақам бо Белорус, ки бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, 9,5 миллион нафар аҳолӣ дорад ва дар соли 2018 дар ин кишвар 83 ҳазору 813 ҷиноят содир шудааст, қиёс шавад, натиҷаи қобили мулоҳазае ба даст меояд.

Тибқи омори расмӣ, ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ дар Молдова – 902, Қирғизистон – 477, Белорус – 882 ва Тоҷикистон – 246 ҷиноят рост меояд. Аммо ба омори дохилии Тоҷикистон, ки аҳолии кишварро 9 миллион нафар ҳисоб мекунад, такя кунем, ин рақам ба ҳудуди 240 баробар мешавад.

Таносуби мизони ҷинояткорӣ ва шумораи аҳолӣ дар бархе аз кишварҳои ИДМ
гузориши ВУД Тоҷикистон
Таносуби мизони ҷинояткорӣ ва шумораи аҳолӣ дар бархе аз кишварҳои ИДМ

Дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ теъдоди бештари ҷиноятҳо дар Қазоқистон сабт шудааст. Дар ин кишвар, ки тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ (2017) 18 миллиону 4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, соли гузашта 263 ҳазору 138 ҷиноят содир шудааст, ки сари ҳар 100 ҳазор кас 1461 ҷиноят рост меояд.

Дар Русия, ки 144,5 миллион нуфус дорад, 1 миллиону 992 ҳазору 532 ҷиноят содир шудааст ва 1378 ҷин

оят сари ҳар 100 ҳазор нафар аст.

Узбакистон бо 32 миллиону 390 ҳазор аҳолӣ кишварест, ки тибқи омори расмӣ, камтарин теъдоди ҷиноётро мутаҳаммил шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар соли гузашта 49 ҳазору 11 ҷиноятро сабт кардаанд ва ин рақам сари ҳар 100 ҳазор нафар ба 151 ҷиноят баробар аст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, коҳиши ҷинояткориро қабл аз ҳама ба тақвият ёфтани ҳамкорӣ миёни мақомоти милиса ва мардум, боло рафтани ҳирфаияти милисаҳои тоҷик дар пайи раванди ислоҳоти ниҳодаш хонд. Вай гуфт, вазорати корҳои дохилӣ дар саросари кишвар ду хатти тамос - “Боварӣ” ва “Мадад” – ро роҳандозӣ карда, тавассути онҳо 4 ҳазору 108 аризаву муроҷиат ба даст овардааст ва ин боло рафтани эътимоди сокинони кишвар ба милисаро нишон медиҳад.

Тоҷикистон бо кӯмаки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ як барномаи ислоҳоти густардаи вазорати корҳои дохилиро барои солҳои 2013 – 2020 пиёда месозад. Мақомот ба ин боваранд, ки ин ислоҳот симои милисаи тоҷикро тағйир дода, онро бо мардум наздик мекунад ва сатҳи ҷинояткорӣ дар кишварро коҳиш медиҳад.

Одамкушӣ, сӯиқасд, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, таҷовуз ба номус, роҳзанӣ, савдои одамон, ғоратгарӣ, авбошӣ, қаллобӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ, ҷиноят бо истифода аз силоҳ, дуздӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашадор, терроризм ва экстремизм, қочоқи металлу сангҳои қиматбаҳо феҳристи ҷиноятҳои содиршуда дар Тоҷикистон аст, ки вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тартиб додааст. Аз ин миёни ин ҳама теъдоди бештарини ҷиноёт ба дуздӣ – 5078 ва қаллобӣ – 3161 маврид рабт мегирад.

Ҷинояткорӣ миёни ҷавонон 4965 маврид, камтар аз соли гузашта (5286) ҳисоб шудааст, аммо оморе, ки вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро нигарон кардааст, афзойиши ҷиноёт аз сӯи ноболиғон ба 907 маврид, бештар аз соли 2017 (690) аст ва гузашта аз ин, 25% - и он аз сӯи хонандагони макотиби миёна содир шудааст. Рамазон Раҳимзода гуфт, бо он вуҷуд ки корҳои густардаи фаҳмондадиҳӣ дар мактабҳо бо ибтикор ва ширкати кормандони милиса бурда мешавад, ҷинояткорӣ дар мактабҳо зиёд шудааст. Вай афзуд, аз ин хотир, ба хотири иҷро накардани талаботи қонунгузории таълиму тарбия алайҳи волидайн ва масъулини мактабҳои Тоҷикистон беш аз 16 ҳазору 300 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 88% дарсади 21 ҳазору 957 ҷиноятҳои содиршударо ошкор кардааст, аммо боризтарин дастоварде, ки ин ниҳод дошт, ошкор кардани омили иҷрои бузургтарин сӯхтори 10 соли ахир дар Душанбе аст, ки соли 2012 дар бозори “Корвон” иттифоқ афтода буд. Вазири корҳои дохилӣ гуфт, ин парванда таҳти назорати Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дорад.

Шоми 5 сентябри соли 2012 қисмати якллӯхтфурӯшии бозори "Корвон", бузургтарин бозори Душанбе ба пуррагӣ сӯхт ва садҳо дӯкону анбори он ба хокистар табдил ёфтанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 сентябр зимни пахши як баёнияи расмӣ гуфт, "дар натиҷаи сӯхтор бозори савдои яклухтфурӯшӣ (оптовый)-и "Корвон" дар масоҳати зиёда аз 5000 метри мураббаъ нобуд гардид".

Рамазон Раҳимзода аз бурдани номи фарди дар ин робита боздоштшуда ба хотири ҳассосиятҳои тафтишотӣ худдорӣ кард.

Мавзӯъҳои асосӣ