14:10 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Работа перинатального центра, архивное фото

Кумитаи омори ИДМ: Тоҷикистон дар ҷойи шашум қарор дорад

© Sputnik / Сергей Красноухов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
105 0 0

Аҳолии Тоҷикистон тибқи маълумоти расмӣ, ҳамасола 2,2% ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) маълумоти нави шумораи доимии аҳолии кишварҳои Иттиҳодро нашр кард, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки дар оғози соли 2019 шумораи аҳолии Озарбойҷон 10.0 млн, Арманистон – 3,0 млн, Беларус – 9,5 млн, Қазоқистон – 18,4 млн, Қирғизистон – 6,4 млн, Молдавия – 3,5 млн, Русия – 146,8 млн,   Узбакистон – 33,3 млн, Украина – 42,0 млн нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи аҳолии Туркманистон (6,7 млн нафар) дар оғози соли 2016 ва шумораи аҳолии Тоҷикистон (8,9 млн нафар) дар ибтидои соли 2018 нишон дода шудааст.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон аллакай аз 9 миллион нафар гузаштааст. 26 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе духтарчаи нуҳмиллионуми Тоҷикистон ба дунё омада буд.

Аҳолии кишвар, тибқи маълумоти расмӣ, ҳамасола 2,2% ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Тибқи барӯйхатгирии охирини аҳолӣ, ки соли 2010 дар Тоҷикистон гузаронида шуд, дар мамлакат 7,417 млн нафар сокинон ба қайд гирифта шудаанд. Барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, ҳоло Тоҷикистон аз рӯи шумораи аҳолӣ миёни ҷумҳуриҳои ИДМ ҷойи 6-умро ишғол менамояд.

Маврид ба зикр аст, кишварҳое, ки ба ҳайати ИДМ шомил шудаанд, мақоми гуногун доранд.   Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Русия узви комилҳуқуқи Иттиҳод мебошанд.  Туркманистон мақоми узви шарикро, ки нақша дорад танҳо муносибатҳоро бо кишварҳои узви ИДМ ва Балтия рушд диҳад, гирифтааст. Молдова Оинномаро имзо накардааст.

Гурҷистон то соли 2009 узви Иттиҳод буд. Ба Созишномаи соли 1991 ҷумҳуриҳои Балтия напайвастанд. Украина, ки мақоми узви шарикро иҷро мекард,  расман ба он  ворид нашуд.

Барчаспҳо:
ИДМ, омор, аҳолии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ