21:03 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото

Рӯсиёҳи дунёву охират: посухи Шӯрои уламо ба саволи Сорбон

© Sputnik / Амир Исаев, STR
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
273510

Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як посух ба суоли корбари сомонааш дар бораи зино посух додааст

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли корбари сомонааш дар бораи зино, посухи кӯтоҳ додааст.

"Шахсе, ки дар никоҳ аст, агар зино кунад, никоҳаш бурида мешавад?",-суол гузоштааст Сорбон.

"Бародари азиз, агар зиноро ҳалол шуморад, наъузу биллоҳ, никоҳаш қатъ мегардад ва агар зиноро кори ҳаром эътиқод кунад, вале ба пайравӣ аз ҳавои нафсу васвасаи шайтон онро анҷом диҳад, никоҳаш қатъ намешавад, аммо гунаҳгори азим ва рўсиёҳи дунёву охират шуда, баракат аз касбу рўзӣ ва умру хонадонаш бардошта мешавад",-омадааст дар посухи Шӯрои уламо.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо муҳоҷирон дар Маскав дар моҳи декабри соли 2017
акс аз сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия

Пештар корбарони вебгоҳ аз исломшиносон суол карда буданд, ки кадом амалҳо рӯзаро мешикананд ва кадом не?

Ба гуфтаи коршинсони маркази исломӣ, 10 амал рӯзаро мешиканад ва 4 амал намешиканад.

"Амалҳои зерин рӯзаро мешикананд: хӯрдан, нӯшидан, доруву дармон кардан, ҳамбистарӣ кардан бо зан, хӯрдан ба хато (масалан дар аснои ғарғара кардан об нохост дар ҳалқаш фурӯ равад), хӯрдани иҷборӣ, ба гумони он ки шаб аст, бихӯрад, дар ҳоле ки субҳ дамидааст, қай кардан ба ихтиёри худ, нос ва сигор кашидан. Амалҳое, ки рӯзаро намешикананд, инҳоянд: ба фаромӯшӣ хӯрдан, эҳтилом шудан, ногаҳон даромадани ғубор, пашша ё дуд дар ҳалқ".

Мавзӯъҳои асосӣ