14:43 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Ба фасодкорӣ даст назанед: ҳушдори Раёсати мубориза бо фасод ба мансабдорони Суғд

© Sputnik (sputniktj_photo)
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
958 0 0

Даҳ хонандаи мактаб аз шаҳри Бӯстон, ки мавзӯъи мусаввараҳои онҳо, муқовимат бо коррупсияро тасвир мекард, аз ҷониби масъулони Раёсати мубориза бо фасод дар вилояти Суғд тӯҳфаҳо тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Баргузории ин озмун миёни хонандаҳои мактаб дар доираи чорабиние сурат гирифтааст, ки масъулони Раёсати мубориза бо коррупсия ахиран дар ҳузури кормандони соҳаи маориф ва хонандаҳои мактаб дар шаҳри Бӯстон доир карданд.

Дар ҷараёни ин нишаст, озмуни беҳтарин тасвир (расм) дар мавзӯъи “коррупсия аз нигоҳи ҷавонон” ва “мо муқобили коррупсия” байни   хонандагон баргузор гардид. Даҳ мусавварае, ки муқовимат бо коррупсияро инъикос мекард, беҳтарин дониста шуда ва ба муаллифони онҳо, толибилмони мактаб тӯҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Инчунин, масъулони Раёсати мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд баргузории силсилаи сӯҳбату вохуриҳо бо кормандони соҳаҳои мухталифи аҳолиро рӯи даст гирифтаанд, ки ин тасмими онҳо ба хотири паст намудани шиддати фасодкорӣ гуфта мешавад.

Шоира Мӯътабариён ва Васлибек Нарзиён ду намояндаи Раёсати мубориза бо фасод дар Суғд дар раванди ин чорабинӣ, роҷеъ ба Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва омилҳои пайдоиши коррупсия ибрози назар карданд.

Ҳамчунин чорабинӣ бо инштироки ин масъулини Раёсати мубориза бо фасод чанде пеш дар муассисаҳои тандурустӣ ва донишгоҳҳои ҳудуди вилоят бо мақсади мусоидат ба сатҳи огоҳии мардум ва ба ин васила паст кардани ҳолатҳои фасодкорӣ баргузор гардид.

Аммо коршиносон умури иқтисод иддао доранд, ки мизони фасод дар Тоҷикистон беш аз пеш дар ҳоли афзоиш буда ва решаҳои ин падидаи номатлуб ба ҳадде чуқур рафтааст, ки хушк кардани онҳо як кори душвор ва дар айни ҳол мушкил боқӣ мемонад.

Ин коршиносон мегуянд, хуб мебуд, масъулони мубориза бо фасод дар Тоҷикистон, чорабиниҳои пешгирикунандаро бештар дар миёни кормандони сатҳи баланди давлатӣ доир кунанд.  

Соҳибназарон мегуянд, ҳамин мушкили фасодӣ молӣ аст, ки монеи рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар як ҷаласаи ҳукуматӣ ба шумори хонаву мошинҳои гаронарзиши кормандони гумрук ишора кард, ки бо маоши давлатӣ харидану соҳиб шудан ба онҳо ғайриимкон аст.

Барчаспҳо:
ҳушдор, Агентии коррупсия, Коррупсия, фасод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ