06:56 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Портфель, архивное фото

Суруриддин Руҳониддин раиси ҳизби ҳоким дар Исфара таъин шуд

© Sputnik / Владимир Федоренко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
518 0 0

Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Зиёваддинзода Суруриддин Руҳониддин интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Таъини Суруриддин Руҳониддин, ба мақоми раиси ҳизби халқӣ демократӣ дар шаҳри Исфара, рӯзи 31-уми майи соли ҷорӣ сурат гирифта, дар ин вазифа, ӯ Бурҳонбек Асадуллоевро иваз намудааст.

Бино бар иттилоъи сомонаи расмии ки ҲХДТ дар вилояти Суғд, Зиёваддинзода Суруриддин Руҳониддин, дар мувофиқа ба роҳбарияти олии ҳизб ва аз ҷониби кулли аъзоён, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара интихоб шудааст.

Бурҳонбек Асадуллоев, ки то ин замон раиси ҳизбро бар уҳда дошт, бино бар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шудааст.

Дар маросими муаррифии раиси нав, Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар қатори аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолону собиқадорони ҳизб иштирок карда, аз масъулини ҳизб тақозо кардааст, ки дар корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ободонӣ дар шаҳри Исфара аз худ ташаббус нишон диҳанд.

Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Исфара аз дастовардҳои таърихии ҳизб таъкид карда, гуфтааст, ки дар замони мухолифатҳои сиёсӣ, ин ҳизб мардумро дар меҳвари як мафкураи созандаи сиёсӣ муттаҳид намудааст, то даргириҳои фоҷеабор поён ёбанд.

Дар ҷаласае дар шаҳри Исфара масъулини ҲХДТ дар мавриди баланд бардоштани мавқеъ ва манзалати ҳизб таъкид кардаанд.

“Алҳол мо, ҳизбиён ба ин дастовардҳо қонеъ нашуда, бояд фаъолияти сиёсиамонро вобаста ба талаботи давр боз ҳам қавитар гардонем. Таваҷҷӯҳи ташкилотҳои ибтидоӣ, кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизб ба масъалаи сифат ва миқдори қабул бояд ҷиддӣ бошад. Аз паси миқдор шуда, сифати ҳизбро аз даст надиҳем”, - иброз доштаанд, масъулини ҲХДТ дар шаҳри Исфара.

ҲХДТ, назар ба шаш ҳизби дигари сиёсии Тоҷикистон сераъзотарин ба шумор меравад ва раиси олии он Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аст.

Ин ҳизб дар моҳи декабри соли 1994 дар он замоне, ки Тоҷикистон аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун мешуд таъсис ёфтааст.

Бино ба маълумотҳо ҳоло шумори аъзоёни ҲХДТ зиёда аз 400 000 нафар шумурда мешавад. Бахши аъзами вакилони Порлумони Тоҷикистонро аъзоёни ҳамин ҳизб ташкил медиҳанд.

Ба ҷуз 1, 2, ё 3 нафарӣ намоянда аз ҳисоби аҳзоби Демократӣ, Сотсиалистӣ, , Комунистӣ ва Аграрӣ, Ислоҳоти иқтисодӣ ва чанд боқимонда ҳама вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ҳама аъзоёни ҲХДТ иборат мебошад.

На съезде НДПТ. Архивное фото
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Дар интихоботи парлумонии соли 2015, барои аввалин бор, намояндаи аҳзоб аз ҳисоби ҲДТ Усмонзода Саидҷаъфар Усмон, ҲИИТ Олимҷон Бобоев, Рустам Қудратов ва боз як нафар аъзои дигар, аз ҲАТ Анвар Ахмедов ва Аҳмадҷон Қобилов, ҲКТ Абдуллозода Иброҳим ва Абдуҷаббор Ахмедов ва аз ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров ҳар яке аз тариқи ҷамъ 5 дарсади райи ҳизбӣ ва ё аз ҳисоби интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳо ба сифати вакил ба Порлумон роҳ ёфтаанд.

Аз 63 вакил, 21 нафар тавассути овоздиҳии ҳизбӣ ва боқмонда аз ҳисоби овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои як мандатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вакили порлумон интихоб карда мешаванд. Аксар намояндаҳои ин ҳизбҳои сиёсӣ сабаби ба таври кофӣ роҳ пайдо накардани сафи ҳамҳизбонашон дар порлумонро аз интихоботҳои ношаффофу вакилони аз қабл таъиншуда таъкид мекунанд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2015, Ҳизби фаъолияташ манмӯъи наҳзати исломӣ, дар соли 2015 меъёри 5дарсадро овозро соҳиб нашуд ва аз курсии парлумон бебаҳра монда буд. Зимнан Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон ягона ҳизби сиёсиест, ки то ин вақт ягон аъзои он ба сифати вакили парлумон интихоб нашудааст.

Раиси ин ҳизб Раҳматилло Зоиров гуфтааст, ки бо вуҷуди “ноумедӣ”-ҳо дар интихоботҳои гузашта, дар интихоботи қарибулвуқуъи соли 2020 бо нерӯи тоза вориди корзори интихобот хоҳанд шуд.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, ба муддати 5 соли давраи вакилӣ баргузор мегардад. Ва қарор аст, дар моҳи феврали соли 2020 – ум интихоботи парлумонӣ баргузор шавад ва ин сол интихобкунандагон барои панҷ соли оянда вакил ва ё намояндаҳои худро дар Порлумон Тоҷикистон интихоб хоҳанд кард. Ҳамчунин дар соли 2020-ум дар Тоҷикистон яке дигар маъракаи муҳими сиёсӣ, баргузории интихоботи президентӣ низ дар назар аст.

Барчаспҳо:
мақом, вазифа, ҳизб, ҲХДТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ