18:47 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Доллары США

Мансабдори мақомоти ноҳияи Шаҳритуз барои ришваситонӣ дастгир шуд

© Sputnik / Михаил Кутузов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1091 0 0

Кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритузро барои ситонидани ришва дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Ожонсии мубориза бо коррупсия Ғафоров Умед Ҷабборович мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз аз тарафи кормандони ожонсӣ барои ситонидани ришва дар ҳаҷми наздик ба 6 ҳазор доллар дастгир карда шуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, санаи 5 марти соли равон шаҳрванд “А” ба Ожонсӣ муроҷиат намудааст, ки  Ғафоров Умед Ҷабборович мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз барои ҷудо намудани 0,12 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ пешакӣ маблағи панҷ ҳазор доллар гирифта боз талаби оварданиҳашт ҳазор сомониро кардааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки худи ҳамон рӯз нисбати Ғафоров Умед бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус номбурда баъд аз гирифтани маблағи 8000 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд “А” дастгир шуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки аз номбурда далели шайъӣ маблағи 8000 ҳазор сомонӣ ёфта гирифта шуд.   

Ожонсӣ иттилоъ додааст, ки дар ҳоли ҳозир тафтиши парвандаи ҷиноятӣ пас аз тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди ноҳияи Шаҳритуз ирсол карда шудааст.

Барчаспҳо:
Шаҳритуз, дастгиршавӣ, мансабдор, ришва, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ