04:51 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Хабари оташ задани духтараки 6-сола ба Раҳмон расид: дастури президент ба Олимзода

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
675101

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳодисаи оташ задани духтараки 6-сола сахт нигарон шуда, ба вазири тандурустӣ дастур додааст, ки табобати кӯдакро шахсан таҳти назорати худ гирад

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи оташ задани духтараки 6-соларо аз ҷониби чанд наврас шарҳ додааст. Бино бар иттилои манбаъ, ин хабари фоҷиабор то раисҷумҳур расида, Эмомалӣ Раҳмон аз рух додани чунин ҳодиса изҳори нигаронӣ мекунад.

"19 июни соли 2019, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як нафар духтари ноболиғи 6-сола бо ҷароҳатҳои аз сӯхтор дараҷаи вазнин ба Беморхонаи шаҳрии №3 дастрас ва бистарӣ гашт", - менависад манбаъ. 

"Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷаро барои табобат ва нигоҳубин кардани ноболиғи мазкур вазифадор намуд, ки табобати кӯдакро зери назорати қатъӣ гирад", - афзудааст Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои ВУД, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ се нафар ноболиғон бо гумонбарии ин ҳодиса дастгир карда шудаанд.

Маводҳои санҷишии ҳодисаи мазкур ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуда, санҷиши ҳолати рӯй додани ин ҳодиса идома дорад.

Ёдарас мешавем, ҳодиса дар ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ 19 июн рух дода буд.

Муҳоҷири тоҷик навзоди семоҳаро, ки марди маст аз тиреза ҳаво дод, қапид - акс

Бино бар иттилои "Фараж", се нафар хонандаи мактаби миёнаи рақами 67-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ духтараки шашсолаеро, ки бо дугонаҳояш дар назди бинои истиқоматӣ машғули бозӣ будааст, ба симтур баста, оташ задаанд.

Ба гуфтаи падари духтарак, ҳодиса рӯзи 19-уми июн, соати 10, дар назди хонаашон сар задааст.

"Ин ҷиноятро бачаҳои деҳаи дигар содир кардаанд, ки бекоранд ва рӯзи дароз деҳа ба деҳа мегарданд", - афзудааст вай.

 Аҳволи Осияи шашсола феълан вазнин буда, дар дармонгоҳи шаҳрии рақами 3, маъруф ба "Ожоговий", бистарӣ аст. Наздикон, аз қавли табибон мегӯянд, 65 дарсади бадани кӯдак сӯхтааст.

Мавзӯъҳои асосӣ