00:09 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон мизбони чемпионати футболи Осиёи Марказӣ мешавад

Официальный сайт ФФТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
82 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, аз 26 июл то 1 августи соли равон дар кишвар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 16-сола баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпионат аз миёни шаш даста беҳтаринро муайян мекунад.

“Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Турманистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирокчиёни Чемпионати CAFA-2019 (U-16) мебошанд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мегузаранд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Аҳлиддин Турдиев ширкат мекунад. Ин мусобиқа барои мунтахаби наврасони мо як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-22 сентябр дар Урдун доир мегардад.

Дар мусобиқаҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ