15:30 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Вазъ изтирорӣ нест: вакили парлумон хост, Ҳукумат муҳлати сабти симкортро дароз кунад

Предоставлено С. Исмоновым
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1989 0 0

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд Ҳукумати кишвар бояд муҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаҳои навро тамдид кунад, чун вазъият фавқулодда несту хадамоти шиносномадиҳӣ тавони таъмини ҳамаи мардумро надорад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Усмонзода гуфт, шуъбаҳои шиносномадиҳӣ дар муддати муқарраршуда аз уҳдаи иваз кардани ҳамаи шиносномаҳо баромада наметавонанд.

“Мардум зиёд ва соати кориро бояд ба назар гирем. Нафароне, ки дар шуъбаҳои шиносномадиҳӣ кор мекунанд, мисли мою шумо як шаҳрванд астанд, ки вақти кории онҳо аз соати 8 то 5 аст, аммо феълан онҳо бояд то соати 10-и шаб кор кунанд. Кадом натиҷа мешавад, вақте шумо дар як рӯз 8 соат не, 12-15 соат кор мекунед?”, - суол гузошт вакили парлумони Тоҷикистон дар барномаи “Фурсати баён” тариқи радиои “Тоҷикистон”.

Ӯ дар посух ба суоли шунавандагон гуфт, сохторҳои дахлдор бояд ба Ҳукумат барои тамдиди муҳлат пешниҳод кунанд ва афзуд, ки “ман ҳамчун вакил фикр мекунам, ин муҳлат бояд ҳадди ақал то моҳи декабр тамдид карда шавад”.

Саидҷаъфар Усмонзода аз шаҳрвандон даъват намуд, ки хавотир нашаванд, чун сохторҳои Ҳукумат ин равандро таҳлил мекунанду тасмимгирӣ хоҳанд кард.

Ҳукумати Тоҷикистон қаблан қарор кард, симкортҳое, ки бо шиносномаҳои куҳна сабт шудаанд, бояд бо пешниҳоди шиносномаи намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирифта шаванд. ВУД эълон кард, ки барои сабти дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав то 10 август муҳлат дода шудааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳе қабл иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷикистон 6 миллиону 471 ҳазор симкорт мавриди истифода қарор дорад, ки аз он танҳо наздик ба 2 миллиону 101 ҳазораш тавассути шиносномаи нав, яъне корти ID ба расмият дароварда шудааст.

Мақомот ҳушдор додаанд, ки дар сурати сабт накардани симкорт бо шиносномаи нав хидматрасонии он қатъ хоҳад шуд. Ин ҳушдор боиси навбатпоии зиёди шаҳрвандон дар назди шуъбаҳои шиносномадиҳӣ барои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 гардидааст.

Барчаспҳо:
33 нуқтаи бақайдгирӣ, телефон, симкорт, шиноснома, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ