02:20 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Эмомали Рахмон на заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ва хоҳиши худ: судяҳои шаҳрӣ аз вазифа озод шуданд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5302 0 0

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон судяҳои ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифа озод шуданд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судии кишвар тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тибқи фармони Президент, Раҷабиён Луқмон Нуъмон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Иномзод Ҳабибуллохон Акрамиён аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифа озод карда шаванд", - омадааст дар фармон.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон мансабдорони мақомоти судиро ҷо ба ҷо кард

Манбаъ афзуда, ки мансабдорон бо хоҳиши худ аз вазифа озод шуданд.

Ҳамзамон, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофика бо Президент дар ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии Вазорати дифоъ ва намояндагии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии соҳибихтисос ва донандагони забонҳои хориҷӣ таъин гардиданд.

Мавзӯъҳои асосӣ