Бо 3 фармон ва 5 қарор: Раҳмон масъулини Ожонси фасодро ҷо ба ҷо кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти УзбекистонЭмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо имзои 3 фармону 5 қарор тағйироти кадриро амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Саидшозода Ҷамшед Сафаралӣ муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раисиҷумҳур фармон додааст, ки Аҳмадзода Музаффар Раҷаб муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон сардорони зиндонҳоро таъйин кард

Бо фармони дигар Эмомалӣ Раҳмон, Нурзода Тоҳир Сироҷиддинро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардааст.

Бо қарори Ҳукумат, Файзализода Назаралӣ муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, Ҳурматзода Икром Аҳкам муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Супоришҳои қатъӣ ва муҳлатнок: Раҳмон гуфт аз раҳбарони нав чӣ мехоҳад

Ҳамчунин, Раҳимзода Баҳодур Карим муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Бо қарори дигари Ҳукумат, Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, Абдураҳмонзода Ҷамила Уктамҷон муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон сардорони зиндонҳоро таъйин кард

Лентаи хабарҳо
0