18:12 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото

Вакилони Парлумони Тоҷикистон баъд аз истироҳат ба кори худ шурӯъ карданд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баъди таътили тобистона ба фаъолият оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бино бар иттилои сухангӯи Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, вакилони мардумӣ 15 август фаъолияти худро дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон шурӯъ карданд.

Вай афзуд 16 август баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба нақша гирифта шудааст.

Гаронтар: парлумони Тоҷикистон ҷаримаи фоҳишаҳоро 260 доллар муқаррар кард

Қарор аст, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи қонунҳое, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ва дигар субъектҳои қонунофар пешниҳод гардидаанд, муҳокима шуда, барои баррасӣ ба кумита ва комиссияҳои соҳавӣ фиристода мешаванд.

“Тибқи дастури Маҷлиси намояндагон, шурӯъ аз моҳи октябр дар Душанбе ҷаласаҳои ин ниҳод баргузор мегарданд”, - таъкид дошт вай.

Тасвиби қонуни шароити ҷангӣ дар Парлумони Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат буда, онҳо ба муҳлати панҷ сол тавассути  овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ интихоб карда мешаванд.

Аввали моҳи марти соли оянда дар ҷумҳурӣ маъракаи навбатии интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад.

Барчаспҳо:
фаъолият, таътили тобистона, парламент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ