02:02 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Глава администрации президента Озода Рахмон, архивное фото

Озода Раҳмон дар мақоми нав фардо нахустин ҳамоиши занонро баргузор мекунад

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1305 0 0

Дар кори ҳамоиш ҷавондухтарони фаъол, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва занони барӯманди Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раҳбари дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон дар мақоми нав тасмим гирифтаст, фардо рӯзи 9 октябр, бори нахуст дар ҷумҳурӣ ҳамоиши занон баргузор намояд, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳамоиши мазкур таҳти сарпарастии сафири Созмони байналмилалии "Занони сиёсатмадори роҳбар" Озода Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, дар кори форум ҷавондухтарони фаъол, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва занони баруманди Тоҷикистон иштирок кунанд.

Бо дастури Озода Раҳмон кормандони ВКД гул шинонданд - акс

Зимнан, гуфта мешавад, ки форум таҳти унвони "Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили  рушди суботи ҷомеа" дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардида, дар он коршиносони соҳа, олимону муҳаққиқон аз ҳисоби занону бонувон ширкат мекунанд.

Мақоми нави Озода Раҳмон

Қобили зикр аст, масъалаҳои меҳварие, ки дар ҷараёни форум мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд, марбут ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии занони тоҷик хоҳад буд.

Мавқеи занону ҷавондухтарон дар зинаи идоракунии давлатӣ, сабабҳо ва роҳу усулҳои пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нақши занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва нақши бонувон дар рушди илм ва инноватсия аз бахшҳои муҳими форум маҳсуб меёбанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран созмони байналмилалии "Занони сиёсатмадори роҳбар" бо Шаҳодатномаи худ расман тасдиқ кард, ки вазифаи сафири созмон дар Тоҷикистон ба зиммаи Раҳмон Озода Эмомалӣ гузошта шавад.

Мавзӯъҳои асосӣ