18:50 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
 Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании Совета глав государств Содружества Независимых Государств

Раҳмон: таъмини манфиатҳои кишварҳои ИДМ аз амалҳои минбаъдаи ҳамоҳангшуда вобаста аст

© Sputnik / Алексей Дружинин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
191 0 0

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки дирӯз дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор шуд, масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи ИДМ ва масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Ашхободи Туркманистон зимни Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид намудааст, Тоҷикистон дар чаҳорчуби узвияти худ дар ИДМ ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкорӣ байни кишварҳои узв дар ҳама соҳаҳо мебошад.

Раисҷумҳури таъкид доштааст, ки ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ, таҳкими муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо ва тавсеаи робитаҳои гуманитарӣ аз натиҷаҳои бобарор ва назарраси ҳамгироии ҷонибҳо дар солҳои гузашта азёбӣ  мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, изҳори бовар кардааст, ки қабули қарорҳои имрӯза доир ба  масъалаҳои рушди босамари ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида мусоидат хоҳанд кард.

Талаби Раҳмон аз Жээнбеков барои зудтар имзо кардани созишномаи марзӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз доштааст, ки имрӯзҳо ба равандҳои рушди вазъияти байналмилалӣ зуҳуроти баланд шудани сатҳи таҳдидҳои глобалӣ ва хатарҳои амниятӣ хос аст.

“Дар чунин шароит, таъмини муваффақонаи манфиатҳои умумии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз бисёр ҷиҳат аз амалҳои минбаъдаи ҳамоҳангшуда вобаста аст”, - таъкид доштааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон қайд намудааст, ки иҷроиши пайгиронаи қарорҳои қаблан қабулшуда дар соҳаҳои дахлдори ҳамкории кишварҳои ИДМ аҳамияти бузург дорад ва кишварҳои ҳамсуд бояд онро минбаъд низ идома диҳанд.

Сипас дар дар интиҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ҳамсуд баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳо, аз ҷумла Изҳорот дар бораи ҳамкории стратегии иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ қабул гардиданд.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон зикр намудааст, зимни ҷаласа қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ соли 2020 дар Узбакистон баргузор гардад.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласа аз фаъолияти муваффақонаи Туркманистон дар садорати Иттиҳод таъкид кард.

Барчаспҳо:
ҷомеаи ҷаҳонӣ, Шӯро, Ишқобод, ИДМ, Тоҷикистон, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ