07:45 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото

Робитаҳо тақвият меёбанд: мулоқоти Расулзода бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт

Сайт президента Кыргызской Республики
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Ахиран Қоҳир Расулзода бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт дидору мулоқот кард. Зимни мулоқот густариш ва тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи  11 ноябри соли равон дар Кувайт мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, тонибҳо зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла густариш ва тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд.

“Мусоҳибон бо ишора ба сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Давлати Кувайт, ки моҳи декабри соли 2015 сурат гирифта буд, ва фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд”- таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамзамон тарафҳо дар бораи зарурати табодули сафарҳои байнипарлумонӣ барои табодули таҷриба, таҳким ва густариши ҳамкориҳо таъкид карданд.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз сафари сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар раъси ҳайати ҳукуматӣ ба Давлати Кувайт оғоз.

Дирӯз мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

Сарвазири Тоҷикистон аз Валиаҳди Давлати Кувайт ҷиҳати боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват намуд. Валиаҳди Давлати Кувайт даъвати мазкурро пазируфта, таъкид намуд, ки дар замони муносиб аз кишвари дӯст боздид хоҳад кард.

Инчунин мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шӯрои Вазирони Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ баргузор шуд, ки дар он ҳолат, дурнамо ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ  байни ду давлати дӯст баррасӣ гардиданд.

Мавзӯъҳои асосӣ