11:05 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
2024 0 0

Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд дар раванди интихоботи парлумонӣ дар кишвар 46 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Бахтиёр Худоёрзода роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз ҷаласа баргузор намуд, ки дар он  масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад агнетии Ховар.

Дар ҷараёни ҷаласа таъкид гардидаст, ки дар рафти интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 46 ҳавзаи интихоботӣ созмон дода мешаванд.

Зимнан, 4 декабри соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон  "Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ"  - ро ба имзо намуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон рӯзи интихоботро дақиқ кард

Тибқи фармони мазкур интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот рӯзи 1 марти соли 2020 доир мегардад.  

Интихобот: Эмомалӣ мақомашро барои даври дигар ҳифз кард

Муқаррар гардидааст, ки интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 баргузор карда шавад.

Мавзуҳо:
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, парлумонӣ, интихобот

Мавзӯъҳои асосӣ