20:52 18 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода эълон намудааст, ки барои ифлоскунии муҳити зист нисбати 222 нафар шаҳрвандон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 31 075 сомонӣ ҷарима шуданд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Мутахассисони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то имрӯз нисбат ба 222 нафар шаҳрвандон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 31 075 сомонӣ ҷарима намуданд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ин иқдом  бо мақсади беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва тозагии  маҳалу оби нӯшокӣ сурат гирифтааст.

Лоиқ Раҳмонов, сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода, таъкид намудааст, ки аз 222 нафар ҳуқуқвайронкунандагони тартибот танҳо 127 нафари онҳо барои ифлоскунии муҳити зист ва партофтани партовҳои гуногун дар ҷойҳои ҷамъиятию соҳили дарёҳо ҷарима шудаанд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар шаҳри Турсунзода татбиқи Барномаи беҳтарсозии вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020 дар асоси Созишномаи сармоягузорӣ миёни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.

Маблағи созишнома 6,8 млн долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 4,5 млн доллар ҳамчун грант ва 2,3 млн доллар қарз мебошад.

Дар асоси ин барнома корҳои сохтмонии иваз кардани қубурҳои обгузар, бунёди обанбор, кам кардани талафоти оби ошомиданӣ ва насби обченкунакҳо ба андозаи 96 фоиз ба анҷом расонида шудааст.

Барчаспҳо:
санад, ҷарима, муҳити зист, шаҳр, Турсунзода

Мавзӯъҳои асосӣ