05:27 19 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
949 0 0

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо судури як фармон ситодеро таъсис дода, тасмим гирифтааст на фақат дар гузаргоҳҳои марзӣ, балки хона ба хона шаҳрвандони кишвар ва хориҷиёнро ба манзури ошкор кардани маризиҳои сироятӣ ташхис кунад

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Ситоди вазорати тандурустӣ аз 18 нафар ба намояндагӣ аз сохторҳои марбути вазорат, назири Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, озмоишгоҳи вирусологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, озмоишгоҳи пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳое, ки бевосита бо пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ машғуланд, таъсис ёфтааст.

Замминистра здравоохранения Таджикистана Мирхамуддин Камолзода
© из личного архива Мирхамуддина Камолзоды

Раҳбарии ситодро Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма дорад.

Кумита ба ширкатҳои сайёҳӣ: аз ташкили саёҳати шаҳрвандон ба Чин худдорӣ намоед

Мирҳамуддин Камолзода дар тамоси телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ситод ҳар ҳафта як бор, аммо дар мавориди зарурӣ ҳамон рӯз ҷамъ омада, то пурра аз байн рафтани хавфи "вируси тоҷдор" ё "коронавирус" фаъолият мекунад.

"Ҳадафи асосии ситод пурзӯр намудани коргузории нуқтаҳои назоратию санитариву карантинӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон аст. Ситод то ба ҳол аз тамоми гузаргоҳҳои марзии заминиву ҳавоӣ дидан кардааст. Дар ин нуқтаҳо мусофироне, ки аз гузаргоҳҳои марзӣ убуру мурур мекунанд, на фақат барои "вируси тоҷдор", балки дигар маризиҳои сироятӣ низ ташхис мешаванд", - гуфт Камолзода.

Ин тадобир дар пайи он гирифта мешаванд, ки сироят шудани одамон ба "коронавирус" ё "вируси тоҷдор" дар чандин кишвари ҷаҳон мӯҷиби нигарониҳо шудааст ва манбаи он Чин, кишваре гуфта мешавад, ки бо Тоҷикистон ҳамсояи девор ба девор аст.

Саид Давлатзода, сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, яке аз ниҳодҳои масъули вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар фурудгоҳҳои Хуҷанд, Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва тамоми гузаргоҳҳои заминӣ, шурӯъ аз Панҷи Поён дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, Қулмаву Ҷиргатол дар марзи Тоҷикистону Чин ва ҳам гузаргоҳҳои марзӣ бо Узбакистону Қирғизистон марокизи назоратию санитариву карантинӣ ба низоми шабонарӯзаи кор гузаштаанд.

Вай афзуд, дар ин амр бо вазорати тандурустӣ Раёсати марзбонӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ ҳамкорӣ мекунанд.

"Мо ба ин натиҷа расидем, ки тамоми афроди духуливу хуруҷиро муоина кунем, чун имкони фаннӣ дорем ва аз сӯи дигар, аз ноҳияи вуруди маризиҳои сироятӣ аз хориҷи Тоҷикистон хотирҷамъ шавем. Кори сангин ҳам нест, чун термосканнер ва тепловизорҳои насбшуда дар гузаргоҳҳо дастгоҳҳои хеле пешрафта буда, ҳарорати инсонро аз масофаи муайян ташхис медиҳанд", - гуфт Саид Давлатзода.

Мутахассисони тиб мегӯянд, тирамоҳу зимистон маъмулан давраи хуруҷи маризиҳои роҳҳои нафаси гриппмонанд аст, ки аксари онҳо сироятӣ ба шумул меоянд, аммо зуд табобатшаванда буда, хатарнок нестанд.

Аммо бо ошкор шудани аввалин гирифторони "вируси тоҷдор" дар Чин вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҷиддан даст ба кор шуд, чун равобити ду кишвар дар тамоми арсаҳо танготанг буда, ҳар ҳафта танҳо тариқи роҳҳои ҳавоӣ чор парвоз миёни шаҳрҳои Душанбе ва Урумчи анҷом мешавад ва ҳам тариқи гузаргоҳҳои Қулмаву Ҷиргатоли Тоҷикистон садҳо мошини борбар рафтуомад мекунанд. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Чин машғули кору таҳсил ва тиҷорат ҳастанд.

Аз ин хотир, вазорати мазкур аз вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон тариқи мактуб даъват кард, ки мутахассисон ва сайёҳони тоҷик бе зарурат ба Чин сафар накунанд.

"Қатъ неву маҳдуд карда шавад. Бе зарурат сафар накунанд. Баъд аз ба эътидол омадани вазъият дар ин кишвар метавонанд ба ин кишвар сафари корӣ анҷом диҳанд ё саёҳат кунанд. Он чӣ мо мекунем, дар доираи талаботи қоидаҳои байнулмилалии тиббиву санитарӣ, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия шудааст, анҷом мешавад", - мегӯяд Мирҳамуддин Камолзода.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ҳоло 38 намуди “вируси тоҷдор” маълум аст ва ба он хотир “коронавирус” гуфта мешавад, ки мисли офтоб буда, мавҷҳои монанд ба “тоҷ” дорад.

“Вируси тоҷдор” қабл аз Чин солҳои пеш дар Куриёи Ҷанубӣ, Таиланд ва Ҷопон сабт шуда, як вируси ховаримиёнагӣ аз ин хонавода солҳои 2014-2016 дар Арабистони Саудӣ низ ошкор шуда буд, ки гуфта мешуд, аз шутур гузаштааст.

Коронавирус боиси иваз шудани макони баргузории мусобиқаи бокс шуд

Ҳоло созмонҳои тибби байналмилалӣ навъи вируси Чинро муайян мекунанд. Он моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани вилояти Хубейи Чин пайдо шуда, тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то 20 январи соли 2020 ҳамагӣ 218 ҳодисаи гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

"“Вируси тоҷдор” дар бадани ҳайвоноти хонагӣ, хусусан, паррандаҳо, чорвои калони шохдор ва хук афзоиш ёфта, баъдан ба одам интиқол меёбад. Таби баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо ва дарди гулӯ, осеб ёфтани роҳҳои нафас ва шушҳо нишонаҳои ин беморӣ буда, дар муддати кӯтоҳ беморро аз по меафтонад ва дар сурати табобат нашудан мӯҷиби фавт мешавад”, - гуфт Мирҳамуддин Камолзода.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти масъули Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ба ҷустуҷӯи маризиҳои сироятӣ, бахусус “вируси тоҷдор” реҷаи хонагардии духтуронро ба роҳ андозанд.

Саид Давлатзода мегӯяд, ин реҷа дар Тоҷикистон муназзам ба роҳ монда шудааст ва ҳоло тасмим гирифтаем, ки барои итминони хотири шаҳрвандон хона ба хона гашта, афроди шубҳанокро ташхиси лабораторӣ кунанд ва ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

"Агар мардум худ оқибати корро фаҳманд, дар ҳолати пайдо шудани хурдтарин аломат ба духтур муроҷиат кунанд. Агар натавонанд мутахассисони мо ба хонаашон меоянд. Ҳамчунин нафароне, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, таҳти назорати табибони маҳал қарор дода мешаванд. Супориш шудааст ва назорати хонагӣ пурзӯр мешавад", - гуфт Давлатзода.
Барчаспҳо:
вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ