07:32 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6332 0 0

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, 7 донишҷӯе, ки ба далели таби баланд дар шаҳри Вуҳани Чин монданд, зери назорати табибон қарор доранд ва вазъи саломатии онҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Вазъи саломатии даҳ донишҷӯи тоҷик, ки дар шаҳри Вуҳани Чин қарор доранд, хуб арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад агентии Авесто бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Чин.

Ба иттилои манбаъ, донишҷӯёни тоҷик таҳти назорати доимии табибон қарор доранд.

Зикр мегардад, ки донишҷӯёни дар шаҳри Вуҳан монда, мубталои ягон маризии сироятӣ нестанд.

"Се тан аз донишҷӯён бо хоҳиши худ дар шаҳри Вуҳан монданд ва 7 нафари дигар бинобар доштани таби баланд ба Тоҷикистон интиқол наёфтанд. Ташхиси тиббӣ нишон дод, ки донишҷӯёни тоҷик танҳо гирифтори зуком ҳастанд", - омадааст дар хабари сафорати Тоҷикистон дар Чин.

Бар хабари сафорат, донишҷӯёни тоҷик феълан дар хобгоҳи донишгоҳашон қарор доранд ва маъмурияти донишгоҳ онҳоро бо хӯрок ва тамоми маводи лозимӣ таъмин мекунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 - уми феврал ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" 46 донишҷӯи тоҷикро аз шаҳри Вуҳани Чин берун овард ва ба Тоҷикистон интиқол дод.

Ширкати “Сомон Эйр” ба хотири “Вируси тоҷдор” парвозҳояшро ба Чин қатъ кард

Қаблан Вазорати умури хориҷии кишвар аз дармондани 56 донишҷӯи тоҷик дар ин шаҳр гузориш дода буд.

Дар рӯзи интиқоли донишҷӯён се тан аз онҳо бо хоҳиши худ дар Чин боқӣ монданд ва 7 тани дигар бинобар доштани таби баланд аз сафар боздошта ва мавриди ташхиси тиббӣ қарор гирифтанд.

Дар Чин феълан хуруҷи маризии сироятии "вируси тоҷдор" ба авҷ расидааст ва бар асари ин беморӣ аллакай беш аз 1000 нафар ҷон бохтанд.

Барчаспҳо:
вазъи саломатӣ, донишҷӯёни тоҷик, Ухан

Мавзӯъҳои асосӣ