20:36 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
153 0 0

Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар мегӯяд, тасмим доранд дар ояндаи наздик парвозҳоро самти кишварҳои Чин ва Қазоқистон ба роҳ монанд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Фарҳод Абдурашидзода мудири Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар мегӯяд дар садади кушодани хати парвоз ба Чину Қазоқистон қарор доранд.

Абдурашидзода дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ изҳор доштааст.

Ба гуфтаи ӯ Фурудгоҳи Бохтар пас аз сукути чанвақта аз соли 2018 ба фаъолият шурӯъ кард ва феълан давоми як ҳафта  4-5 маротиба парвозҳо самти Маскавро анҷом медиҳад.

Муҳоҷир бисёр: ду хатсайри нави "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ба Русия

Зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар аз Фонди дастгирии соҳибкорон барои дароз кардани хати парвоз 7 миллион сомонӣ ихтисос дод ва акнун хати парвоз ба 165 метр дароз карда шудааст.

Абдурашидзода афзудааст, ки айни замон хати парвоз 2 450 метрро ташкил медиҳад ва дар ояндаи онро боз ҳам дарозтар хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
ифтитоҳи хати парвози нав, Бохтар, фурудгоҳ

Мавзӯъҳои асосӣ