14:08 08 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
446 0 0

Сокинони ҷамоати Ёва дар ноҳияи Б. Ғафуров мегуянд, светофори воқеъ дар роҳи азими ноҳия солҳо боз корношоям аст, вале ҳеҷ кас аҳамият намедиҳад

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Сокинони ҷамоати Ёва дар ноҳияи Б. Ғафуров мегуянд, светофори воқеъ дар роҳи азими ноҳия солҳо боз корношоям аст, вале ҳеҷ кас ба он аҳамият намедиҳад. Аз кор бозмондани ин чароғаки роҳнамо (светофор), ҳаракати нақлиёт дар ин масири барои ноҳия аҳамияти ҷумҳуриявидоштаро хеле мушкил ва хатарнок гардонидааст.

Ин чароғаки роҳнамо дар минтақае насб шудааст, ки роҳи он шаҳри Душанбе, пойтахти кишварро ба ноҳияи Б. Ғафуров ва ҳам шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мепайвандад, аммо ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ҳудуди панҷ сол мешавад, ки он ҳамчунин корношоям аст.

Шарифҷон Қобилов, сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров ва аз шумори ронандаҳо мегуяд, фаъол набудани ин чароғаки роҳнамо, танзими ҳаракати нақлиётро мушкил намудааст.

"Аксари ронандаҳо медонанд, ки аллакай итоат кардан ба ин чароғаки “мурда” фоидае надорад. Агар ба он нигоҳ карда истанд, аз пушти мошинашон задани нақлиёти дигар эҳтимол дорад. Зеро чароғаки роҳнамо фаъол нест, ки ронандаҳо суръати нақлиёти худро нигоҳ доранд. Муттасифона қариб рӯзе нест, ки дар ин роҳ, ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ рух надиҳад. Дирӯз як садма рух дод, рӯзи гузашта ҳам садамаро дида будем, аммо ҳеҷ кас ба ин чароғаки (светофор) хомӯш аҳамият намедиҳад", -  иброз намуд Қобилов.

Чароғаки роҳнамо дар саршавии сероҳае мавҷуд аст, ки мувофиқи қоидаи ҳаракат ҳама аз он бояд бо навбат гузаранд. Аммо аз сабаби корношоям будани он, танзими ҳаракати нақлиёт дар ин шоҳроҳи вилояти Суғд хаторзо шудааст.

Дар 7 рӯз 4831 ҳолати қоидавайронкунӣ дар роҳҳои Душанбе ошкор шуд

Ба гуфтаи соҳибназарон, ин чароғаки роҳнамо меъроси замони Шӯравӣ буда, ҳанӯз панҷ сол боз фаъол набудааст. Сокинони ноҳияи Б. Ғафуров мегуянд, то ин вақт борҳо барои таъмир ва ба кордарории он ба ҳукумати ноҳия ва идораи БДА вилояти Суғд муроҷиат кардаанд, вале то ҳол ҳеҷ чораи амалӣ аз сӯи масъулин сурат нагирифтааст.

Масъулони БДА вилояти Суғд мегуянд, аз муроҷиати сокинон ва корношоям будани ин чароғаки роҳнамо дар ноҳияи Б. Ғафуров огаҳ ҳастанд, лекин таъмири он бар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ҳукумати ноҳия тааллуқ доштааст.

Ахиран, рӯзи 30-уми январи соли ҷорӣ дар зимни нишасти матбуотӣ масъалаи корношоям будани ин светофор, ки гуфта мешавад дар роҳи азими нақлиётгузар мавҷуд мебошад, аз сӯи рӯзноманигорон ба Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Б. Ғафуров дар миён гузошта шуд. Вале раиси ноҳияи Б. Ғафуров аз таъмир шудани он ҳарф зада ва гуфт, ки “азбаски арзиши он 120 ҳазор сомонӣ меистад, мо онро бо маблағи 7-8 ҳазор сомонӣ таъмир кардем. Як соҳибкор ваъда додагӣ аст, ки светофори нав хариддорӣ мекунад”.

Сокинони оддии ҷамоати Ёва дар ноҳияи Б. Ғафуров  аз он бим доранд, ки фарзандонашон аз ин роҳ гузашта ба мактаб мераванд ва аз сабаби кор накардани чароғаки роҳнамо, хавфи бархӯрди нақлиёт бо пиёдагардон эҳтимол дорад. То ин муддат дар ин мавзеъ чанд ҳолати садамаи ҳалокатоварро мушоҳида кардаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ