15:52 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1417 0 0

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон изҳор доштанд, ки маризии сироятии коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудаст

ДУШАНБЕ, 4 марта – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳуриро ба оромӣ даъват намуда, изҳори боварӣ намудааст, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт нагардидааст.

Дархости пизишки машҳури рус: воҳимаандозони коронавирус муҷозоти шадид шаванд

Бар тибқи муроҷиатномаи ин ниҳод, ки дар сомонаи вазорат мунташир шудааст, ҳукумати Тоҷикистон танҳо ба хотири пешгирӣ аз роҳёфтани ин маризӣ аз роҳандозии чанд маҳдудият кор гирифтааст.

"Аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабинҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд", - омадааст дар хабар.

Зимнан, вазорати мазкур аз ВАО - и мамлакат низ даъват ба амал овардаст, ки танҳо маълумоти саҳеҳ ва санҷидаро пешкаши шаҳрвандон намоянд ва онҳоро беҳуда ба тарсу таҳлука наандозанд.

Ҳамзамон зикр гардидааст ,ки айни замон шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар: Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Барчаспҳо:
муроҷиатнома, Вазорати тандурустӣ

Мавзӯъҳои асосӣ