17:33 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
346 0 0

Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 49 расид. Ин дар ҳолест, ки дар маҷмӯъ дар ҳудуди кишварҳои ИДМ шумори гирифторон ба коронавирис ба 1167 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар истинод ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт  (СҶБ) хабар додааст, ки дар рӯзҳои ахир се шаҳрванди дигари Ӯзбекистон, ки ду нафари онҳо аз Россия ва 1 нафари дигар аз Туркия баргаштанд, гирифтори коронавирус шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамин тариқ, шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 49 нафар расид.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки ба ҳолати 24 март шумораи умумии гирифторони  коронавирус дар давлатҳои ИДМ 1167 нафарро ташкил медиҳад.

“Аз ҷумла, дар Арманистон шумораи онҳо ба 235, дар Молдова ба 109, дар Беларус ба 81, дар Озарбойҷон ба 72, дар Қазоқистон ба 68 ва дар Қирғизистон ба 42 нафар расид. Дар Россия ва Украина шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 438 ва 73 нафарро ташкил медиҳад”, - қайд намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки дар кишварҳои ИДМ шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, дар ҳоли афзоиш аст.

“Дар Беларус 22 нафар, дар Россия – 17, дар Озарбойҷон – 10, дар Арманистону Молдова 2-нафарӣ ва дар Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд. Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатии фавт ва дар Украина се ҳолат ба қайд гирифта шуд”,- хабар додааст вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба ҳамин тартиб Вазорати тандурустӣ қайд намудааст, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Афғонистон шумори гирифторони коронавирус ба 42 нафар расида, аз миёни онҳо 1 бемор шифо ёфт ва 1 тани дигар вафот кард.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 381 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 16 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 102 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 12 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Шумораи кишварҳо ва ҳудудҳои паҳншавии сироят меафзояд. СҶБ имрӯз дар бораи беш аз 190 давлат ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (81171), Италия (63927), ИМА (46145), Испания (35136), Олмон (29056), Эрон (23049), Фаронса (19856), Кореяи Ҷанубӣ (9037), Швейтсария (8795) ва Бритониё (6650) дохил мешаванд.

Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, афзоиш, ИДМ, вирус, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ