21:34 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4875 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон даргузашти Ҳоҷимуҳаммад Тошев, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки гуфта мешуд, бо як фарди фавтида аз пневмония робита дошт, таъйид кард

ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазир ва сардори Ситоди ҷилавгирӣ аз "вируси тоҷдор" - и вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, Ҳоҷимуҳаммад Тошев, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар шифохонаи минтақавии "Ӯзбекқишлоқ" қарор дошт, рӯзи 11 апрел фавтидааст.

“Ташхиси ӯ дар забони тиб “бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4" бандубаст мешавад. Аз шаҳрвандони кишвар даъват мекунем, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасоси сироятёбии шаҳрвандон бо “коронавирус” - и нав бовар накунанд ва танҳо ба маълумоти мақомоти расмӣ, аз ҷумла вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон такя намоянд”, - гуфт Мирҳамуддин Камолзода.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Ҳоҷимуҳаммад Тошев, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мудири ин шӯъбаи маориф Абдуҷалил Шодиев тамос доштааст.

Абдуҷалил Шодиев бародари Ҳабибулло Шодиев, сокини деҳаи Гулафшон, собиқ Янтоқзори ҷамоати деҳоти "Ҳаёти нав" – и ноҳияи Ҷаббор Расулов аст, ки рӯзи 1 апрел, бино ба иттилои мақомот, аз пневмонияи дутарафа фавтида буд.

Абдуҷалил Шодиев дар пайи фавти бародараш дар қарантина аст. 11 духтуру парасторе, ки Ҳабибулло Шодиевро табобат карда буданд, пас аз 4 рӯзи фавти ӯ ба дардҳои гуногун, назири дарди сару гулӯ ва тасфи баланд гирифтор шуда, ба шифохонаи шаҳри Хуҷанд ва аъзои оилааш ба табобатгоҳи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов интиқол ва таҳти қарантина қарор дода шуданд.

Пешгӯии изтиробовар коршинос: коронавирус ба Тоҷикистон ҳам мерасад

Он замон расонаҳо аз эҳтимоли гирифтории онҳо ба "вируси тоҷдор", бахусус "вазъи вазнин" – и Алишер Абдураҳимов, муовини сардухтури шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки яке аз ин қарантинашудагон буд, гуфтанд. Мавсуф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ ва ҳамкоронаш гирифтори зукоми мавсимӣ ҳастанд.

"Зукоми мавсимӣ ва ҳам пневмония аломатҳое, назири дарди сару гулӯ ва тасфи баландро дорад, аммо аз “вируси тоҷдор” ба ин фарқ мекунад, ки зудгузаранда ва зудшуюъкунанда нест. Агар Ҳабибулло Шодиев гирифтори ин вирус шуда буд, ҳоло тамоми ноҳия сироят карда буд, зеро ӯ аз 21 март ба ин сӯ мариз буд ва бо даҳҳо нафар тамос дошт", - гуфт Абдураҳимов.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз 1 феврал то 11 апрел 7 ҳазору 432 нафаре, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба кишвар ворид гардидаанд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба қарантина фаро гирифта, то ба ҳол 5 ҳазору 530 нафар рухсат шудаанд ва 1902 нафар ҳамоно таҳти назорат мебошанд.

Барчаспҳо:
даргузашт, Вазорати тандурустии ҶТ

Мавзӯъҳои асосӣ