02:13 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
14418 0 0

Имруз, Абдуфаттоҳ Солиев, аввалин пизишки тоҷик ва Искандар Камолов, муҳосиби Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон аз пневмония ё илтиҳоби шуш дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советски” дар Душанбе даргузаштанд

ДУШАНБЕ, 24 апрел – Sputnik. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар таъйиди хабари фавти Абдуфаттоҳ Солиев гуфт, мавсуф номзади илми тиб, мудири Шуъбаи марказии ҷумҳуривии бемориҳои касбӣ, ҳамзамон мудири кафедраи бемориҳои дарунии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) буд.

"Ӯ рӯзи душанбе пас аз бад шудани вазъи саломатиаш ба Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов интиқол ёфт. Дигар вазъаш беҳбуд наёфт. Таҳти оксигенератор ва сипас дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ қарор дошт. Имрӯз бегоҳ ҷон ба ҷаббор супурд. Ӯ яке аз мутахассисони беҳтарини кишвар ва дар соҳаи худ ба масобаи як генерал буд", - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Нафари дигаре, ки имрӯз ба хок супурда шуд, Искандар Камолови 52 – сола, муҳосиби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд, ки ба қавли наздиконаш, ҳатто натавонистаанд бори охир рӯи ӯро бубинанд.

"Вазъи Искандар то соатҳои 21 – и шаби гузашта муътадил буд. Вақте вазъаш бад шуд, зуд ба шифохона интиқол додем ва ҳамон дидори охиринамон буд. Соатҳои 1 – и пас аз зӯҳри имрӯз хабар доданд, ки ӯ фавтидааст", - гуфт яке аз хешовандони Искандар Камолов.

Мавсуфро низ кормандони тиб, ки либосҳои хоси пизишкӣ ба тан доштанд, аз шифохонаи "Якум Советски" мустақим ба қабристони Сариосиёби шаҳри Душанбе бурда, ҷаноза ва гӯручӯб карданд.

Ин ду корманди давлатӣ тайи се рӯзи ахир теъдоди фавтидагонеро, ки аз пневмония ё илтиҳоби шуш ҷон додаанд ва ҳам мақомот марги онҳоро расман таъйид кардаанд, ба 6 нафар, аммо тибқи додаҳои ғайрирасмӣ, аз ин бештар мерасонад.

Ба ҷуз шифохонаи "Якум Советски" қаблан дар беморхонаҳои вилояти Суғд низ марги се нафар аз илтиҳоби шуш ё пневмония расман тасдиқ шуда буд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло дар шифохонаи "Якум Советски" ҳудуди 120 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония таҳти назорати табибон қарор доранд, аммо дар бораи ин, ки вазъи чанде аз онҳо вазнин аст, иттилои дақиқе дар даст нест.

Дар пайи афзоиши фавтҳо аз ин маризӣ вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Маркази тиббии №1 – и ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи "Якум Советски" дар Душанберо маҳз ба муолиҷаи ин маризӣ ихтисос додааст.

Саидислом Абдуджаборзода, прокурор судебного надзора Генпрокуратура РТ
из личного архива Саидслома Абдуджаборзоды

Бино ба иттилои дарёфтӣ, аз шифохонаҳои навоҳии атрофи Душанбе, назири Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Варзоб низ тақозо шудааст, ки гирифторони ин маризиро бистарӣ накарда, ба шифохонаи "Якум Советски" интиқол диҳанд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон ду беморхонаи бузурги дигар, яке, Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" ва дигаре, Беморхонаи шаҳрии сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон пурра ва бархе шифохонаҳои дигар қисман барои пазириши гирифторони "вируси корона" ихтисос дода шудаанд. Тоҷикистон то ба ҳол як кишвари орӣ аз “вируси корона” маҳсуб мешавад ва маргумирҳо аз илтиҳоби шуш ё пневмония як воқеияти дигарест, ки рӯз то рӯз вазъи сиҳии кишварро ба чолиш мекашад.

Барчаспҳо:
пизишк, Тоҷикистон, фавт

Мавзӯъҳои асосӣ