12:04 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
351610

Сулаймонзода Акрам Раҳим, раиси шаҳри Исфара маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисобе, ки ҳамакнун барои маблағгузории чорабиниҳое, ки дар пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 боз шудааст, интиқол додааст

ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Иқбол Тешаев, сардори маркази матбуоти ҳукумати шаҳри Исфара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба ҳисоби Сулаймонзода, муовинони раисони шаҳр, раисони ҷамоатҳо ба ин қарор расидаанд, ки барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар пешгирӣ ва табобати бемории ҳамагири вируси корона дар кишвар саҳмгузор бошанд.

 “Раиси шаҳр, маоши як моҳаи худро пурра ва муовинону раисони ҷамоат бошанд ҳадди ақал панҷоҳ дарсади моҳонаи хизматии худро ба суръатҳисобе, ки барои чорабиниҳои пешгирикунанда ва табобати COVID-19 кушода шудааст, ихтисос додаанд”, - таъкид намуд Тешаев.

Зимнан,  Сулаймонзода, аз аввалин раисони шаҳру навоҳии Суғд гуфта мешавад, ки баъд аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, Раҷаббой Аҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода, дар бораи супоридани маоши вазифавиаш ба суратҳисобе барои мубориза бо вируси корона хабар дода мешавад. Аммо дар бораи ҳаҷми маоши вазифавии раисон чизе гуфта нашудааст.

Маъмулан маоши вазифавии раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар Тоҷикистон дуруст эълон карда намешавад, ки он моҳе аз чи миқдор иборат аст.

Манбеъи мо дар ҳукумати шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки маоши расион ва муовинон ҳамчун хизматчиёни давлатӣ аз рӯи дараҷае кории онҳо ҳисоб карда мешавад.

“Барои мисол агар муовини раисе, ки бештар аз панҷ сол дар ин симат фаъолият дорад, то 2500 сомонӣ маош гирифта метавонад”, - гуфт манбаи мо аз ҳукумат.

Аммо соҳибназарон мегуянд, ҳар чи ҳаст нест, ё хоҳ каму хоҳ беш дар ҳоли ҳозир нақши интиқоли ин маболиғе, ки аз сӯи раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон, ҳама ба як ҳисобнома ворез мешавад, дар пешгирӣ ва табобати бемории вируси корона дар кишвар муҳим аст.

“Раиси поёнӣ ҳам аз иқдоми роҳбари болоии худ ҳамнавоӣ мекунаду аз худ ташаббус нишон медиҳад. Мубориза бо вируси корона ҳам кори дастаҷамъӣ аст”, - мегуянд онҳо.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
вирус, мубориза, пешгирӣ, маблағгузорӣ, маош, Исфара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ