Ҷашнҳои рӯзи 14 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 14 мая
День 14 мая - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи чордаҳуми май дар Парагвай аз Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз дар Белорус аз Рӯзи парчам ва нишони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 14 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1968 Федератсияи футболи  Никарагуа созмон дода шуд.

Рӯзи 14 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1992  дар Тоҷикистон Телевизиони Кӯлоб таъсис ёфт.

Соли 2003 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ маросими расмии ифтитоҳи консулгарии Афғонистон баргузор гардид.

День 12 мая - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 12 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2009 дар шаҳри  Душанбе миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия Созишнома оид ба ҳамкории техникӣ ба имзо расид.

Соли 2012 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими ботантанаи ифтитоҳи 5-умин Ҳафтаи маорифи давлатҳои узви СҲШ "Маориф бидуни марз" баргузор гардид.

Соли 2013 миёни судҳои конститутсионии Тоҷикистон ва Арманистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 10 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ карда шуд.

Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши кони ангишти наздикии шаҳри Сома, ки муҷиби ҳалокати теъдоди зиёди кӯҳканон гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи тасаллият ирсол намуданд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории кишоварзӣ баргузор гардид.

Соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" — ро ба имзо расониданд.

Ҷашнҳои рӯзи 14 май

  • Дар Парагвай – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Белорусия – Рӯзи парчам ва нишони давлатӣ.
Лентаи хабарҳо
0