18:57 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
238110

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ таъкид дошт, ки дар суратҳисоби махсус, ки дар вазорати молия таъсис ёфтааст 11 миллион сомонӣ ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид дошт, ки барои ҳалли масъалаҳои бетаъхир маблағҳои аввалин аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти кишвар ҷудо карда шуданд, ки то ба имрӯз барои харидории таҷҳизоту ашёи зарурии тиббӣ ва доруворӣ сарф шуда истодаанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Пресс-служба Президента Республики Таджикистан

Раҳмон гуфт, чанд кас аз коронавирус, табларза ва шамолхӯрию майзадагӣ фавтид

Вай афзуд, ки истифодаи маблағҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

Ҳамзамон вай илова кард, ки дар хазинадории марказии Вазорати молияи Тоҷикистон бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст.

Иҷрои супориши Раҳмон: паҳнкунандаҳои овоза дар бораи коронавирус ҷазо мегиранд

“То имрӯз ба суратҳисоби мазкур 11 миллион сомонӣ ворид шуда, сарфи он бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад ва маводи аз ин ҳисоб харидоришуда ба беморхонаҳо ва шахсони сироятшуда дастрас карда шуда истодааст”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин раисҷумҳури кишвар зикр кард, ки дар рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар кишвар тадбирҳои саривақтӣ ба роҳ монда, бо роҳбарии сарвазири кишвар Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт.

Инчунин вай афзуд, ки барои расонидани кумаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардидааст.

Барчаспҳо:
сомонӣ, Вазорати молия, суратҳисоб, тандурустӣ, Раисҷумҳур, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ