01:16 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1894 0 0

Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сафар кард

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар нахуст бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос шуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот намуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки то имрӯз дар ин минтақа 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ҳамаи онҳо бо шароити мусоиди корӣ таъминанд ва мутахассисони хуби соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Гуфта мешавад, ки баъд аз шиносоӣ бо шароити беморхонаи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо табибони ноҳия вохӯрӣ анҷом доданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштааст, ки табибон бояд барои муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хуруҷи он тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва муолиҷаи онро бо назардошти талаботи бехатарӣ роҳандозӣ намоянд.

Раисҷумҳур барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона ба табибон изҳори миннатдорӣ намуд.

Барчаспҳо:
зиндагӣ, Хатлон, вилояти Хатлон, сафар, Раисҷумҳур, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ