02:14 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
722411

Тобути 50 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки чанд рӯз қабл аз Русия ба ватан оварданд, барои дафн кардан ба хешу пайвандон супориданд

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Маълум гардид, ки аз миёни 50 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ватан интиқол дода шуданд, аз ҳама беш сокинони вилояти Суғд мебошанд.

Танҳо аз ин вилоят тобути 14 нафар ба ватан оварда шуд. Боқимондаи 36 тобути дигар аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Бадахшон буданд.

Ҷасади 50 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Ватан расид

Як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аксари шаҳрвандони кишвар аз маризии коронавирус дар мулки ғариб ҷон бохтаанд.

"Миёни онҳо аз ҳама калонсол марди 71 - сола ва хурдтаринаш духтарчаи 4 - сола мебошад. Аз миёни 50 тобут,  4 - то онро занҳо ташкил медиҳанд", - изҳор дошт ӯ.

Гуфта мешавад синну соли аксари марҳумон аз 40 то 60 сола буда, инчунин дар миёни онҳо тобути ду ҷавони 21 ва 26 сола низ ба ватан оварда шуд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 20 - уми июни соли ҷорӣ 50 ҷасади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия ҷон бохта буданд, бо нақлиёти автомобилии махсус ба Ватан оварда шуданд.

Шарҳи "Уралский авиалиния" аз фурӯши чиптаҳо самти Русия - Тоҷикистон

Гуфта мешавад, интиқоли тобути муҳоҷирон  бо мусоидати ҳамватани саховатпешаи муқими Русия ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон анҷом ёфт.

Мавзӯъҳои асосӣ