08:51 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
90310

Дар вилояти Суғд бо иштироки раисҷумҳур маросими ифтитоҳи бинои нави истиқоматӣ барои кормандони КДАМ баргузор шуд. Чанде аз кормандони кумита соҳиби хона шуданд

 ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Тавре дафтари матбуоти президент менависад, манзили нав дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, аз 9 ошёна иборат аст ва дорои 32 хона мебошад.

Гуфта мешавад, иншоот бо тарҳи муосир сохта шуда, дар ошёнаи аввали он дар масоҳати 200 метри мураббаъ Маркази саломатӣ ҷойгир аст, ки аз 7 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, буғхона ва тамизгардонӣ, интенсивӣ, табобати дандон, амрози занона, бемориҳои дарунӣ ва ҳамшираи тиб иборат мебошад. 

"Дар таҳхонаи бино озмоишгоҳ барои таҳлилҳои биокимиёвӣ ҷойгир буда, дар он таҷҳизоти зарурӣ мавҷуданд", - афзудааст котибот.

Корҳои сохтмонӣ соли 2018 оғоз гардида, дар ду сол сохтмони он ба анҷом расид.

 Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз оилаҳои кормандон калиди хонаҳои истиқоматиро супорида, онҳоро барои соҳиби манзили истиқоматӣ шуданашон таҳният гуфтааст.

Ҳамаи ҳуҷраҳо бо ҷиҳози зарурии рӯзгор, аз қабили ҷевон, рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар шароити зист таъминанд.

Ҳамчунин бино ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.

“Бисёр вазнин мешавад”: Раҳмон мақсади сафарҳояш дар даври "короно"-ро гуфт-видео

Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд, изҳори сипос намуданд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ