02:29 20 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
95 0 0

Рӯзи чордаҳуми октябр дар Тоҷикистон аз Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин ин сана Рӯзи ҷаҳонии стандартикунонӣ мебошад

Рӯзи 14 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1851 дар Англия Агентии иттилоотии "Рейтер" ташкил ёфт.

Соли 1901 яке аз бузургтарин садамаҳои баҳрии асри ХХ ба вуқӯъ пайваст: дар ҳавои номусоид дар Байкал киштии "Потапов" ғарқ шуд, ки бар асари он тақрибан 200 нафар ҷони худро аз даст доданд.

День 13 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1905 дар Париж Федератсияи байналмилалии аэронавтика таъсис дода шуд.

Соли 2015 дар маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" -и шаҳри  Душанбе сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрокӣ ва бандубастшуда — Agrofood-2015 баргузор гардид.

Соли 1941 рӯзномаи "Красная Звезда" аввалин маротиба шиори "Фаромӯш намекунем! Намепурсем!"-ро нашр намуд

Рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа ба истифода дода шуд.

Соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил ёфт.

День 12 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2003 дар Душанбе бозиҳои V Осиёи марказӣ оғоз гардиданд, ки дар онҳо беш аз 700 нафар варзишгарон аз кишварҳои минтақа иштирок намуданд.

Соли  2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкорон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони "Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор" баргузор гардид.

Соли 2016 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр 

  • Дар Тоҷикистон- Рӯзи соҳибкорон.
  • Рӯзи ҷаҳонии стандартикунонӣ.
  • Дар Белорус  рӯзи Модар.
  • Дар Русия  рӯзи кормандони мамнӯъгоҳҳо.
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ