Бо дастури Рустами Эмомалӣ: ба наврасони пойтахт забони русӣ ройгон омӯзонда мешавад

© ФФТРустам Эмомали президент ФФТ
Рустам Эмомали президент ФФТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои наврасони пойтахт курсҳои ройгони омӯзиши забони русиро ташкил намудаст

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои пойтахт курси ройгони омӯзиши забони русӣ ташкил шудааст.

Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Путин аз аҳамияти забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт

Чунин курсҳоро Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ намудааст.

Бар хабари котиботи раёсати мазкур, ҳадаф аз баргузории курси мазкур ин ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиш ва ҳамчунин корҳои  муфид арзёбӣ мешавад.

Вазири тоҷик: дар ИДМ бештар аз ҳама дар Тоҷикистон забони русӣ эҳтиром мешавад

"Зеро беназорат мондани ҷавонон сабаби асосии ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст задани онҳо мебошад", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боиси ташвиш гардидааст. Аз ин рӯ, мукаммал намудани савияи дониши ҷавонон яке аз роҳҳои пешгирикунанда ба ҳисоб меравад.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба иштирокдорони курси мазкур маводи конселярӣ тақсим карда шудааст.

Аҳмадзода: умедворам омӯзгорони рус барои рушди муносибатҳо бо Русия кумак мерасонанд

Қаблан кишвардори Русия Владимир Путин низ зимни як ҳамоиш изҳор дошта буд, ки дар қаламрави кишвараш теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд ва барои миллионҳо аз ин нафарон омӯзиши саривақтии забони русӣ бисёр муҳим мебошад.

Дар аксар ҳолатҳо, маҳз надонистани забони русӣ, муҳоҷиронро ба ҳаргуна мушкилиҳо рӯбарӯ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0