11:45 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Раиси Маҷлиси намояндагон боварӣ дорад, ки Тоҷикистону Русия роҳҳои нави ҳамкориро миёни ду кишвар пайдо мекунанд ва онҳоро дар оянда низ тақвият хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 13 январ - Sputnik. Масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Русия имрӯз зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов  баррасӣ шуд.

Министр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ба нақл аз котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон зимни мулоқот изҳор доштааст, ки бо саъю кӯшишҳои ҳарду кишвар муносибатҳои дуҷониба имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.

 Маҳмадтоир Зокирзода  афзудааст, ки муносибатҳо миёни ду кишвар устуворона рушд мекунанд ва дурнамои равшану хуб ҳам дар пай доранд.

Зимни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон зикр кардааст, ки дар тӯли зиёда аз чоряк асри ҳамкориҳои нек байни Тоҷикистон ва Русия беш аз 300 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки ба шарофати онҳо дар миёни кишварҳо раванди устувори ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ бунёд ёфтаанд.

Ифтитоҳи нахустин Маркази фарҳангии Русия барои ҳамватанон дар Тоҷикистон

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин қайд кард, ки бо дарназардошти аҳамияти таҳкими робитаҳои дуҷониба, муайян кардани самтҳои нави умедбахши ҳамкорӣ бо Русия, ки шарики стратегии Тоҷикистон мебошад, парлумони кишвар, алахусус Маҷлиси намояндагон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии дахлдор тадбирҳои мушаххас ва пайваста меандешад.

"Тамосҳои фаъол ва кори муштараки роҳбарон ва аъзоёни парлумонҳои кишварҳои мо дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Ассамблеяи парлумонии СААД ва дигар мақомоти байнипарлумонӣ амалӣ карда мешаванд", - гуфт Зокирзода.

Вай таъкид кард, ки вазифаҳои муштараки ду кишвар, бешубҳа, мусоидат ба таҳким ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, рушди робитаҳои самарабахши доираҳои тиҷоратии ду давлат тавассути ташаккули инфрасохтори  муосири муносибатҳои бозорӣ, фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ ва ҷолибияти сармоягузорӣ, инчунин танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳамкорӣ мебошанд.

Маҷлиси намояндагон боварӣ дорад, ки ҷонибҳо роҳҳои нави истифодаи пурраи иқтидори Тоҷикистону Русияро пайдо карда, онҳоро дар оянда боз ҳам тақвият мебахшанд.

Гуфта шудааст, ки дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳо муҳокима гардиданд.

Барчаспҳо:
мулоқот, кишварҳо, ҳамкорӣ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ