11:24 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
326 0 0

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳузури раиси вилоят Ёдгор Файзов машварати калон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар баробари чанд масоил, ки дар машварати васеъ бо раиси вилоят муҳокима шуд, ҳамчунин масъалаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои котиботи раиси ВМКБ, дар мавриди омодагӣ ба маъракаи баҳорӣ, муовини коммисари ҳарбӣ Давлатбеки Абру ба Файзов ҳисобот дод.

Қарори нави раиси шаҳр: нақшаи даъвати баҳорӣ барои хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тасдиқ шуд

Зимнан, худи раиси вилоят ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва ҳамчунин коммисариятҳои ҳарбӣ супориш дод, ки маъракаи даъвати ҳарбиро бо сифати баланд анҷом диҳанд.

Раиси вилоят таъкид намудааст, ки анъанаи дар рӯзҳои аввал иҷро гардидани нақшаи даъватро ҳамоно идома диҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ВМКБ давоми се соли охир​ даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамалкат дар ҳудуди вилоят давоми 1 руз иҷро мегардад.

Навгониҳо дар хизмати ҳарбӣ

Рӯзи гузашта, тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон қабул гардид.

Акнун ҷавононе, ки дар синни хизмат қарор доранд, вале аз хизмат канор мемонанд, метавонанд бо пардохт намудани маблағ ва машқи якмоҳа дар ҳайати неруҳои захиравӣ, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Навигариҳои хизмати ҳарбӣ: хизмати пулакӣ, дипломдорҳо ҳам раванд, ба кор намегиранд

Гузашта аз ин, ҷавононе, ки донишгоҳҳоро новобаста аз кафедраи ҳарбӣ доштанашон хатм мекунанд, танҳо пас аз як соли хизмати аскарӣ, соҳиби рутба мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои дорои кафедраҳои ҳарбӣ доштаро хатм мекарданд, рутбаи афсари эҳтиётиро мегарифтанд ва аз хизмат озод буданд.

Барчаспҳо:
даъвати ҳарбӣ, супориш, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ