12:20 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1543 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки дар Тоҷикистон озмуни нав - "Илм - фурӯғи маърифат" эълон карда шавад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Кишвардор пешниҳод кард, ки пас аз таҷрибаие, ки Тоҷикистон аз озмуни "Тоҷикистон Ватани азизи ман" ва "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ба даст овард, озмуни нав эълон карда шавад.

Ҳамин тавр, президент пешниҳод намуд, озмуни нав "Илм- фурӯғи маърифат" ном гузошта шуда, дар он бештар ба фанҳои табииву риёзӣ диққат дода шавад.

"Тоҷикистон ватани азизи ман" ва "Фурӯғ" як нуқтаи муҳимро собит кардааст - байни ҷавонони мо истеъдодҳои нодир руста истодаанд, ки бояд дастгирӣ кард", - таъкид кард раисҷумҳур.

Ӯ гуфт, дар натиҷаи озмуни нав, соҳаҳои риёзиву табиӣ низ дар кишвар бештар рушд хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, президент бархе ҳолатҳо дар озмуни "Фурӯғ"-ро интиқод кард. Аз ҷумла, вай гуфт, ки доварон баъзан сахтгир буданд.

Эмомали Рахмон в день выборов Таджикистана
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

"Кӯдаки синфи якро дар саҳна гузошта, чунон имтиҳонаш карданд, ки ягон прокурор гумонбарро ҳам чунин пурсиш намекунад",- гуфт нимшӯхӣ раисҷумҳур.

Барандаи шоҳҷоизаи озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" эълон шуд

Ӯ аз ҳунари суханварии иштирокдорон тавсиф намуд ва гуфт, ки "аз бархе шоирону рӯзноманигорон хубтару беҳтар маҳорати суханронӣ доштанд".

Президент афзуд, дастур додааст, ки номинатсияҳои озмуни "Фурӯғ" минбаъд такмил дода шавад.

Кишвардор ба намояндагони соҳаи маориф супориш дод, ки барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони ғолибон тадбирҳои илвагӣ андешанд.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, озмун

Мавзӯъҳои асосӣ