09:59 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
915 0 0

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бисёр муштариён симкортҳои ғайриқонунӣ доранд, гуфт Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Адолат Абдураҳмонзода, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки Хадамот тайи соли гузашта 51 маводи парвандаи ҳуқуқвайронии маъмуриро баррасӣ кардааст, ки зимни он, 51 шахси воқеӣ ва 6 шахси ҳуқуқӣ муҷозот шуданд.

Ваъдаи Бег Сабур барои таъмини алоқаи мобилӣ ба як деҳаи дурдасти Бадахшон

“Парвандаҳо барои риоя накардани қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасонӣ аз сӯи мақомоти дахлдор ворид шуда, дар Хадамоти алоқа баррасӣ шуданд. Шахсони воқеиву ҳуқуқӣ аз моддаи 350, замимаи 1 ва моддаи 351–и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон муҷозот шуданд”, - гуфт Адолат Абдураҳмонзода.

Қонунҳои шадид

Ҳанӯз 20 июни соли 2019 бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба моддаи 341, замимаи 1 дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон илова ворид шуда буд.

Тибқи моддаи 341, замимаи 1 - и Кодекси ҷиноӣ, агар шаҳрванд нақзи талаботи қонун дар робита ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқиро дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ такрор кунад, аз 600 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 60 сомонӣ) ё маҳдудият аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Ҳамзамон, бино ба ин модда, агар шаҳрванд ё муштарӣ симкорти худро дар ихтиёри касе гузоштааст, ки он шахс симкортро дар ҷиноёти террористӣ ё экстремистӣ истифода кардааст, аз 800 то 1,5 ҳазор нишондиҳанда ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 3 сол муҷозот мешавад.

Тибқи моддаи 350, замимаи 1, агар талаботи қонун дар робита бо пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ риоя нашаваду дар ин кор аломати ҷиноят набошад, шахси воқеӣ аз 100 то 200, шахсони мансабдор аз 400 то 600 ва шахси ҳуқуқӣ аз 800 то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.

То 15 феврали 2022: Ҳукумат муҳлати сабти симкортҳоро дароз кард

Барои фаъолияти бидуни сертификати мутобиқат шахси воқеӣ ҷаримабандӣ мешаваду ба шахси ҳуқуқӣ дар баробари ҷарима инчунин боздоштани фаъолият ба мӯҳлати то се моҳ таҳдид мекунад.

Симкортҳои тоҷикӣ дар Афғонистон

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон оид ба 51 парвандаи баррасишуда нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумоти муфассал надод.

Дар ҳамин ҳол Илҳомҷон Атоев, муовини дигари раиси Хадамоти мазкур, дар шарҳи ин парвандаҳо гуфт, шахсони воқеӣ ё шаҳрвандони қаторӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, дар ин маврид ширкатҳо ё нуқтаҳои хизматрасонии мобилӣ фақат барои дар ихтиёри нафари дигар гузоштани симкорт аз сӯи як нафар ва ҳам ғайрирасмӣ ба расмият даровардани он аз сӯи ширкатҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

“Чаро муҷозот дар кодексҳо шадид шуданд? Мо иттилои зиёде дар ин маврид дорем, ки хориҷ аз кишвар, марзҳои Тоҷикистону Афғонистон муштариёни зиёде симкортҳои ғайриқонунӣ дар ихтиёр доранд. Мо бояд пеши ин ҳамаро гирем”, - гуфт Илҳомҷон Атоев.

Илҳомҷон Атоев аз шарҳи бештари ин мавзуъ худдорӣ кард, аммо бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон аз чанд навоҳии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон, афроди зиёде ошкору пинҳон аз симкортҳои тоҷикӣ истифода мекунанд.

Таҳқиқ мешавад: Хадамоти алоқа паёмакҳои бадномкунандаи зидди мухолифинро “спам” номид

Ба гуфтаи ин манобеъ, симкортҳои тоҷикӣ гоҳо то 10 километр умқи марзҳои Афғонистон метавонанд фаъол бошанд ва имкон дорад, ки аз онҳо қочоқбарон ё террористон низ истифода кунанд.

Ҳарчанд Хадамоти алоқа аз ин гуна маворид суҳбат намекунад, аммо чунин вазъ ташвишҳояшро ҷиддӣ ва асоснок мекунад.

Барчаспҳо:
симкортҳо, Афғонистон, Тоҷикистон, Хадамоти алоқа

Мавзӯъҳои асосӣ