12:15 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
155 0 0

Сардори раёсати ҷангал Агентии ҷангали Тоҷикистон гуфт, дар Тоҷикистон чанд дарахти бисёрсола парвариш мешаванд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон дарахтоне парвариш мешаванд, ки беш аз ҳазор сол умр доранд.

Дар ин бора Давлаталӣ Шарипов Сардори раёсати ҷангали Агентии ҷангали Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт.

Ӯ гуфт, яке аз чунин дарахтон чилчинор мебошад, ки дар Сари Хосор ҷойгир аст.

"Диаметри ин дарахт 3,5 метр буда, он тақрибан 500 сол умр дорад", - гуфт, Давлаталӣ Шарипов Сардори раёсати ҷангали Агентии ҷангали Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ.

Ӯ афзуд, ба дарахтони нодир, ки беш аз ҳазор сол доранд, арчаи зарафшонӣ, арчаи туркистонӣ, арчаи нимдавршакл ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ба дарахттоне, ки зиёда аз 500 сол умр мебинанд - писта, чинор, дӯлона, чормағз ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Масъулини ин ниҳод гуфтанд синну соли дарахтон аслан аз рӯи диаметри онҳо муайян карда мешавад.

"Синну соли дарахтон тақрибан муайян карда мешавад. Мо онро аз рӯи буркат муайян мекунем. Чун иқлими Тоҷикистон сахт аст, соле мешавад, ки диаметри дарахт танҳо 1 см ё ҳамагӣ чанд миллиметр калон мешавад", - таъкид кард намояндаи ин ниҳод.

Ба гуфти ӯ чунин дарахтон таҳти назорти Агентии ҷангали Тоҷикистон қарор дошта ва дар китоби "Дарахтони ҳазорсолаи Тоҷикистон" номбар шудаанд.

Шикори 153 хуки ваҳшӣ дар Тоҷикистон: маблағҳо ба буҷа ворид шуданд

Тибқи иттилоъи Агентии ҷангал Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 350 дарахт ҳаст, ки беш аз хазор сол умр дорад.

Барчаспҳо:
ҳазор, дарахтон, дарахтшинонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ