14:42 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Узбакистон бидуни Ислом Каримов (18)
30 0 0

Раисҷумҳур дар муроҷиати худ ба халқ аз дастовардҳои асосии Ӯзбакистонро дар соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ хотиррасон намуд ва қайд кард, ки вақти он расидааст, то дуруст будани роҳи интихобнамудаамонро исбот намоем.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Табрикоти раисҷумҳури кишвар Ислом Каримовро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти миллӣ  нотиқони телевизионҳои давлатии ӯзбакӣ ба бинандагон ҷумҳурӣ қироат намуданд.

Сарвари кишвар дастовардҳои ҷумҳурии Ӯзбакистонро дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ баён кард, ки бо он кишвар метавонад аз 25 соли истиқлолияташ фахр кунад.

"Вақти он раидааст, ки дуруст будани роҳи интихобкардаамонро исбот кунем",-суханони раисҷумҳурро иқтибос овард нотиқи телевизион.

Табрикот ба забони ӯзбакӣ ва русӣ хонда шуд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Ислом Каримов ба сактаи майнаи сар гирифтор шудааст ва ба бемористон бистарӣ гардидааст. Духтари президент Лола Каримова-Тиллаева тамоми халқро барои дастгириашон миннатдорӣ кард ва иброз намуд, ки қувваи некхоҳии халқ дар сиҳат гардидани падарш кӯмак хоҳад расонд.

Мавзуҳо:
Узбакистон бидуни Ислом Каримов (18)

Мавзуъ

ВАО дар бораи марги Ислом Каримов хабар медиҳад
Изҳори хушнудии Эмомалӣ Раҳмон аз пирӯзии Ислом Каримов
Ислом Каримов унвонии Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол дошт

Мавзӯъҳои асосӣ