14:13 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
10010

Ҳоло номзадҳои асосии вазифаи сарвазири Ӯзбакистонро - ҷонишинҳои собиқ сарвазир Улуғбек Розуқулов ва Рустам Азизов мегӯянд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik.Дар Ӯзбакистон пас аз анҷоми интихоботи президентӣ дасисаи дигар ба миён омадааст- масъалаи курсии сарвазир, хабар медиҳад Eurasia.net.

Чуноне ки интизор мерафт, Шавкат Мирзиёев бо гирифтани 88%-и овозҳо дар интихоботи президентӣ ғолиб омад. Акнун вай президенти кишвар ба ҳисоб меравад, аммо вазифаи пешини худро тарк мекунад.

Сомона хотиррасон мекунад, ки Мирзиёев ин вазифаро(сарвазир-идора) 13 сол инҷониб дар дӯш дошт.

"Дар бораи шахсиятҳое, ки метавонанд вазифаи ӯро ба даст оранд, сару садоҳои зиёд меравад, ки чӣ гуна ҳукумати оянда кишварро идора мекунад ва оё  Ӯзбакистонро муборизаи элитаҳои сиёсӣ интизор бошад ё на",- менависад Eurasia.net.

Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, номзадии сарвазир бояд аз ҳизбе пешниҳод карда шавад, ки он дар палатаи поёнии парлумон шумораи зиёди ҷойҳоро аз худ кардааст. Дар ин ҳолат, гап дар бораи ҳизби Либерал-демократии Ӯзбакистон меравад, ки номзадии Мирзиёевро дар интихоботи баргузоргардида пешниҳод карда буд.

Ба он нигоҳ накарда, ки ҳукумат асосан дар дасти президент аст, баъзе аз коршиносон чунин меҳисобанд, ки тақдири ояндаи кишвар пурра аз  президент вобаста нест.

Ба гуфтаи сиёсатшиноси мустақил Рафаэл Саттаров, шахсияти Шавкат Мирзиёев ҳукуматдореро мемонад, ки мехоҳад дар қудрат роҳи Ислом Каримовро давом диҳад. Аммо бояд қайд намуд, ки маҳз дар зиммаи сарвазир пешравии иқтисодии кишвар вогузор карда шудааст.

Бештар аз ҳама, ҳангоми номбар кардани номзадҳо номи ҷонишини собиқ сарвазири кишвар- Руситам Азимовро ба забон меоранд, ки пештар вориси Каримов мегуфтанд.

Ба фикри Сатторов, имконияти Азимов дар соҳиб шудан ба мансаби сарвазир бештар аст. Зеро элитаи Тошканд ба далели он, ки Азимовро ҳаммаслаки Мирзиёев мешуморад, ба вай муқобил нест.

"Мо медонем, ки дар масъалаи Азимов байни элитаи Тошканд аллакай ҳаммааш мувофиқа карда шудааст.   Аммо Мирзиёев метавонад тарафдорони худро таъин кунад- дар ин ҳолот Улуғбек Розуқулов метавонад сарвазир таъин шавад ",- мугӯяд коршинос ва илова мекунад, ки маҳз Розуқулов дар иҷлосияи СММ дар Булорус Ӯзбакистонро намояндагӣ карда буд.

Якшанбеи гузашта дар Ӯзбакистон интихоботи президентӣ баргузор гардид, ки ба он қариб 70% интихобкунандагон ҳозир шуданд. Мувофиқи маълумоти КМИ Ӯзбакистон иҷрокунандаи вазифаи президентӣ Шавкат Мирзиёев бо гирифтани 88,61%-и овозҳо пирӯз гашт.

Барчаспҳо:
элитаи Тошканд, курсии сарвазир, Улуғбек Розуқулов, Шавкат Мирзиёев, Рустам Азимов, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ