11:31 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
80 0 0

Дар доираи барномаи вохӯрӣ ба ҷавонони Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳҳои нигоҳдории сулҳро дар қаламрави Осиёи Марказӣ меомӯзанд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар Ош ҷавонони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи барномаи СММ вохӯрда, масъалаҳои сарҳадиро муҳокима мекунанд.

Чорабинӣ аз ҷониби Бунёди таҳаммулгароии байналмиллалӣ ва Ассотсиатсияи илмӣ-техникии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ташкилкунандагони чорабинӣ қайд мекунанд, ки дар он намояндагони ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон, муаллимон ва иштирокчиёни баҳсҳои  сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок менамоянд.

Валерия Тишкова, директори Донишкадаи этнологӣ ва антропологии Академияи илмҳои Русия мегӯяд, ки шарикии ташкилотҳои ғайритиҷоратии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ин минтақаҳо зуҳури камёфт аст. Хуб аст, ки чунин вохӯриҳо таҳти роҳбарии СММ баргузор мешаванд.

"Чунин лоиҳаҳо бояд дастгирӣ ёбанд. Ҳамкориҳои ҷомеаҳои шаҳрвандӣ-муколамаи сатҳи дуюм аст. Ва агар дар чунин лоиҳаҳо ҷавонон иштирок кунанд, боз беҳтар аст. Бигзор онҳо мушкилоташонро гирди мизи мудаввар ҳал кунанд, на дар паноҳгоҳ. Албатта масъалаҳои сарҳадӣ бештар дар сарҳадҳои Қирғизистону Узбакистон, ки соли 2010 он ҷо даргириҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст, сар мезанад",мегӯяд мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.

Ташкилкунандагони вохӯрӣ умед доранд, ки иштирокчиёни он дар оянда барои ҳалли музокироти сарҳадӣ ва даргириҳои марзии минтақаҳои сарҳадӣ  иштироки фаъолона нишон хоҳанд дод.

Ба гуфти коршинос оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҳир Қаландаров агар дар вохӯрӣ дар ҳақиқат ҳам намояндагони мақомотҳои маҳаллӣ ва соҳибкорон иштирок карда бошанд, танҳо далели гуфтугӯи онҳо бо ҳам, агар ҳаллии баҳси марзиро кафолат надиҳад ҳам, барои нигоҳ доштани сулҳ дар минтақа самара хоҳад дошт.

"Дар давоми солҳои охир дар минтақаҳои марзии Узбакистону Қирғизистон ва ҳам Қирғизистону Тоҷикистон ҳамоно даргириҳои сарҳадӣ ҷой доранд. Гоҳҳо бархӯрдҳо низ ба амал меояд ва имрӯз баргузории ҳама гуна вохӯриҳо дар ин ҷода барои ҳалли он таъсири мусбат хоҳад дошт",-қайд кард Қаландаров.

Дар вохӯрӣ, ки дар шаҳри Ош дар муддати панҷ рӯз баргузор мешавад, 80 нафар аз вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон, ки синну солашон аз 18 то 30 сола ҳаст иштирок  мекунанд. Аз рӯи нақшаи барнома ҷавонон бояд роҳҳои нигоҳ доштани пойдории сулҳро дар минтақаҳои сарҳадӣ аз худ карда, онро ба ҳамсолони худ фаҳмонанд.

Ташкилкунандагон дар чорабинӣ натанҳо писарон балки ҷавондухтаронро низ ҷалб карданд. Вохӯрии оянда бояд авоили соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Мавзуъ

ҶҚ хабари ғайриқонунӣ ворид шудани тоҷикистониёнро ба кишвар рад кард
Барчаспҳо:
баррасии масъалаҳои сарҳадӣ, ҷавонони Тоҷикистон, СММ, Ош, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ