07:52 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон

Ҳамоҳангии Путину Раҳмон дар мавриди муҳоҷират дар Маскав баррасӣ шуд

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1429 0 0

Дар Маскав роҷеъ ба масоили муҳими ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Русия дар бахшҳои маориф, иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ахбори омма табодули назар сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Рӯзи 27 май, мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робитаҳо бо ИДМ Леонид Калашников баргузор шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Таваҷҷуҳи асосии ҷонибҳо барои татбиқи қарордодҳое, ки дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия дар моҳи апрели соли 2019 ба даст омаданд, нигаронида шуд",-омадааст дар хабарнома.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робитаҳо бо ИДМ
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робитаҳо бо ИДМ

Ҳамчунин, роҷеъ ба масоили муҳими ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Россия дар бахшҳои маориф, иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ахбори омма табодули назар сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба Русия дар мулоқт бо раиси Думаи давлатии Русия изҳори умедворӣ кард, ки марҳилаи навбатии авфи муҳоҷирон амалӣ мешавад ва ба тоҷикон дар Русия ҳангоми гирифтани патент ва сабти ном сабукиҳо дода мешавад.

Дар навбати худ президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки Русия нақша дорад дар Тоҷикистон бахше аз оҷонсии иттилоотии байналмилалии "Россия сегодня"-ро ифтитоҳ кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ