15:11 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Бывший президент КР Алмазбек Атамбаев

КДАМ Қирғизистон: Отамбоев мехост табаддулоти давлатӣ кунад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1155 0 0

Роҳбарони КДАМ, ВУД ва Додситонии Қирғизистон назди омма оиди руйдодҳои ахир дар Кой-Тош ҳисобот доданд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik.  Отамбоев хост дар Қирғизистон табаддулоти давлатӣ доир кунад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон аз қавли роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Орозбек Опумбоев.

Ба иттилои манбаъ, Опумбоев ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ дар Қирғизистон иброз доштааст.

"Отамбоев дар бошишгоҳи худ пиронсолон ва кӯдаконро нигоҳ дошта, ба онҳо пул медод ... Бовар дошт, ки ин даргириҳо печидатар мешаванд ва хуни мардуми зиёд рехта мешавад. Барои табаддулот, ба ӯ рехта шудани хуни мардум лозим буд, зеро бисёр мехост ҳукуматдоронро  дар қатли шаҳрвандон айбдор кунад. Ман расман ниятҳои Отамбоевро иброз медорам",- гуфтааст Опумбоев.

Зимнан роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон илова кард, ки Отамбоев пайваста аз собиқ ва кормандони феълии КДАМ ва Вазорати умури дохилаи Қирғизистон маълумотҳои охиринро дастрас мекард.

Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки воҳидҳои таъиноти махсусро бидуни огоҳӣ ва ғайричашмдошт ба бошишгоҳи ӯ сафарбар намоем, зикр намудаст Опумбоев.

Ёдовар мешавем, ки бегоҳи 7- уми  август дастаи таъиноти махсуси Қирғизистон ба хотири боздошт кардани собиқ раисҷумҳури Қирғизистон ба бошишгоҳи ӯ зада даромаданд, аммо ҳамлаи онҳо зуд ба нокомӣ анҷомид.

Тирпарронӣ, боздошт ва зиндон: ду рӯзи Отамбоев дар як Видео

Зеро ҷонибдорони Отамбоев барои боздошт нагардидани ӯ сахт муқобилият нишон доданд, ки дар натиҷа миёни тарафдорони собиқ президент ва низомиёни дастаи таъиноти махсус тирпарронӣ сар зад.

Бар асари ин даргириҳо 1 нафар аз низомиёни дастаи таъиноти махсус ҳалок ва беш аз 136 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Писари Отамбоев хабари боздошт шудани бародарашро шарҳ дод

Отамбоев танҳо дар рӯзи дуюми даргирӣ худро ба мақомоти амниятӣ таслим намуд ва феълан  ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад ва то 26 - уми моҳи равон дар ҳабс хоҳад монд.

Барчаспҳо:
Алмосбек Отамбоев, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ