13:25 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев

Ду дархости Отамбоев аз роҳбари Маркази зидди шиканҷа

© Sputnik / Михаил Климентьев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
2877 0 0

Ба роҳбарияти Кумитаи давлатӣ тавсия дода шуд, ки имконияти қонеъ кардани дархостҳои собиқ раисҷумҳури Қирғизистонро баррасӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Роҳбари маркази зидди шиканҷа Нуридин Сулаймонов  барои хабаргирии собиқраисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии  амнияти миллии ин кишвар ташриф овардаст, хабар медиҳад сомонаи Sputnik Қирғизистон.

Бар хабари манбаъ, Отамбоев дар утоқи алоҳида нигоҳ дошта мешавад.

КДАМ Қирғизистон: Отамбоев мехост табаддулоти давлатӣ кунад

Намояндагони марказ пас аз мулоқот бо Отамбоев таъкид карданд, ки вай аз муносибати кормандони боздоштгоҳ ва мақомоти тафтишотӣ  нисбати худ ҳеҷ гуна шикояте изҳор накардааст.

Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон шароити боздоштгоҳро хуб арзёбӣ намуда, гуфтааст, ки кормандон нисбати ӯ бисёр ҳалим ва боэҳтиром ҳастанд, пайваста фишори хунашро месанҷанд ва аз маводи доруворӣ  низ ӯро сари вақт таъмин мекунанд.

ВУД Қирғизистон гуфт, киҳо баъди Отамбоев боздошт шуданд

Гузашта аз ин ба собиқ президент ёрии ҳуқуқӣ низ расонида мешавад, изҳор доштаанд намояндагони Маркази зидди шиканҷа ба ин хабаргузорӣ.

Зимнан, Отамбоев аз роҳбари Маркази зидди шиканҷа дархост намудааст, ки дар ҳалли ду масъала: хомӯш кардани чароғ ва маҳкам кардани дар ба ҳангоми хоб, ба ӯ  кӯмак кунад.

Аммо  Сулаймонов ба собиқ президент фаҳмондаст, ки хомӯш накардани барқ ва кушода мондани дар, танҳо ба хотири таъмин намудани амнияти худи ӯ гирифта шудааст.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки бо вуҷуди ин Сулаймонов аз роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон даъват кардаст, ки дархостҳои Отамбоевро ба назар гиранду аз руйи имконият онҳоро амалӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки собиқ раисҷумҳури Қирғизистон феълан дар боздошт қарор дорад ва ҳабси ӯ то 26 - уми ҳамин моҳ идома меёбад.

Барчаспҳо:
дархост, Алмосбек Отамбоев, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ