06:49 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев

Отамбоев ба додгоҳ меояд: баҳси бозбинии ҳабси пешакии собиқ президент

© Sputnik / Михаил Климентьев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
810 0 0

Феълан собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар қарор дорад ва фардо озими додгоҳ мешавад

ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Фардо собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев озими додгоҳи шаҳрии Бишкек мешавад, навиштааст дар сафҳаи фейсбукии худ  мушовири ӯ Қундуз Жолдубоев.

"Фардо, 16 - уми август дар додгоҳи шаҳрии Бишкек шикояти ҳомии ҳуқуқи Отамбоев барои бозбинии қарори додгоҳӣ нисбати ӯ дар ҷараёни тафтишот баррасӣ мешавад. Ба толори додгоҳ худи Алмосбек Шаршенович низ оварда шуда, мурофиа соати 10:00 оғоз мешавад", -  навиштааст Жолдувоев.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 9- уми август Вазорати умури дохилаи Қирғизистон ба собиқ раисҷумҳури ин кишвар огоҳинома оиди гумонбар дониста шудани ӯ дар нақзи моддаи 319 "Фасод"-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар, супориданд.

Зимнан рӯзи 13- уми август Додситони кулли ин кишвар дар ҳодисаҳои 7-8 август якчанд мурофиаҳои судиро оғоз намуда, унвонии Отамбоев барои содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин огоҳинома фиристод.

Гузашта аз ин рӯзи 14- уми август ба собиқ раисҷумҳури ин кишвар як огоҳиномаи дигар дар содир намудани ду ҷинояти аз қабили: бинои "Медиафорум"  ва навсозии Маркази барқу гармидиҳии Бишкек низ  фиристода шуд.

Ду дархости Отамбоев аз роҳбари Маркази зидди шиканҷа

Маврид ба зикр аст, ки ин айбдоркуниҳои собиқ раисҷумҳур дар анҷоми ҷаласаи вакилони Жогорку Кенеш низ зикр гардиданд.

Ҳамин тариқ собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар содир намудани панҷ ҷиноят гумонбар дониста мешавад,

Мавзӯъҳои асосӣ