Додгоҳ мӯҳлати ҳабси Отамбоевро то охири моҳи октябр тамдид кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкБывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи қарори додгоҳ, собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 26- уми октябр дар боздоштгоҳи КДАМ мемонад

ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik.  Додгоҳи ноҳиявии Якуми май, мӯҳлати ҳабси собиқ раисҷумҳури Қирғизистонро барои ду моҳи дигар тамдид намудаст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Бывший президент Кыргызстна Алмазбек Атамбаев со своей супругой Раисой Атамбаевой - Sputnik Тоҷикистон
Писарамро заданд, нисбати ман парванда кушоданд: шикояти ҳамсари Отамбоев аз мақомот

Бар хабари манбаъ, қарор дар бораи дароз кардани ҳабси Отамбоев дар ҷаласаи ахири додгоҳӣ дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон қабул карда шуд.

Хонаҳо, мошинҳо, ширкатҳою суратҳисобҳо: нашри рӯйхати дороии Отамбоев ва оилааш

Зимнан вакили дифои собиқ президент низ хабари тамдид шудани ҳабси Отамбоевро тасдиқ намуда, гуфт "мӯҳлати ҳабсро то 26- уми октябр дароз намуданд".

Тамдиди ҳабси собиқ раисҷумҳури Қирғизистон дар ҳолест, ки чанде қабл додгоҳи шаҳрии Бишкек қарор намуда буд, ки ҳабси Отамбоев то 26- уми август бетағйир боқӣ мемонад.

Додгоҳ шикояти ҷониби Отамбоевро ба назар нагирифта ҳабси ӯро то 26 август боқӣ гузошт

Ёдовар мешавем, собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев пас аз ду рӯзи даргирӣ дар бошишгоҳаш ихтиёран ба мақомоти амниятӣ таслим шуд ва ӯро то 26 - уми август ба ҳабс гирифтанд.

Зимнан, бар асари нишон додани мухолифат миёни тарафдорони Отамбоев ва низомиёни дастаи таъиноти махсус низоъ бархост, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва 136 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0