00:46 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
767 0 0

Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро имрӯз барои иштирок дар мурофиаи додгоҳи ба суди Первомайский оварданд. Вале чун мурофиа баргузор нашуд ва то 6 - уми декабр ба таъхир афтод, ӯро бозпас ба КДАМ интиқол доданд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбаевро аз қаламрави суди Первомайский берун карда, ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар он ҷо боздоштгоҳи муваққатӣ ҷойгир аст, бурданд.

Дар суди Первомайский мурофиаи судӣ оид ба озодкунии ғайриқонунии ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев баргузор шуд.

Собиқ роҳбари давлати Қирғизистон, ки айбдоршаванда дар ин парванда ба ҳисоб меравад, ба хотири иштирок дар мурофиа ба додгоҳ оварданд.

Қаблан Алмосбек Отамбоев даъвати мақомоти додгоҳӣ оиди иштирок кардан дар мурофиаи судӣ вобаста ба қазияи Батукаев напазируфт ва дар чандин мурофиаҳо иштирок накард.

Муҳлати ҳабси Алмосбек Отамбоев то 26 декабр тамдид шуд

Отамбоев изҳор намуда буд, ки "Нақше, ки барои ӯ дар қазияи Батукаев сохтаанд, бозӣ намекунад".

Гуфта мешавад, мурофиаи додгоҳӣ то рӯзи  6 - уми декабр мавқуф гузошта шуд. Отамбоев чанд муддат дар бинои посгоҳи суд қарор дошт ва сипас ӯро ба КДАМ бурданд.

Барчаспҳо:
КДАМ, Алмосбек Отамбоев, додгоҳ, мурофиа

Мавзӯъҳои асосӣ