13:49 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
300 0 0

Ҳукумати Ӯзбекистон ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус баргузории чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла доир кардани маросими арӯсиро низ мамнӯъ кард

ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Дар Ӯзбекистон сар аз 23 - юми март баргузории тӯйҳо манъ карда шуд. Далели ҷорӣ шудани чунин маҳдудиятро ҳукумати ин кишвар ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус рабт медиҳад.

Котиботи ситоди фаврии назди дастгоҳи раисҷумҳур хабар медиҳад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ баргузории тӯй бояд дар доираи маҳдуд на беш аз 10 - 15 нафар баргузор гардад.

Ёдовар мешавем, ки мавориди нахустини гирифторшавӣ ба маризии коронавирус дар вуҷуди як ҷавонзани ӯзбек, ки аз Фаронса озими ватани худ ошкор карда шуд.

Шумораи дардмандони коронавирус дар Русия ба 253 нафар расид

Зимнан, то санаи 21 - уми март теъдоди умумии дардмандони ин маризӣ дар Ӯзбекистон ба 37 нафар расидааст.

Қаблан мудири Агентии санитарӣ - эпидемиологии назди Вазорати беҳдошт хабар додааст, ки нахустин гирифторони ин маризӣ шифо ёфта истодаанд ва ҳамчунин вазъи саломатии нафарони дар карантин буда низ рӯ ба беҳбуд аст.

Ӯзбекистон маҳз ба хотири пешгирӣ намудан аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус, баргузории Наврӯзи Аҷамро низ манъ намуд.

Гузашта аз ин равобити ҳавоӣ бо чандин кишварҳо баста буда, танҳо парвозҳои чартерӣ барои бозовардани шаҳрвандони ин кишвар аз давлатҳои дигар фаъол щастанд.

Барчаспҳо:
Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ