02:04 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
383 0 0

Гурӯҳе аз кормандони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои баррасии вазъи коронавирус дар Туркманистон ба кишвар сафар мекунанд. Сафари ҳайати ташкилот ба аввалҳои моҳи июл ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Туркманистон Рашид Мередов дар рафти нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ омода аст ҳайати СУТ-ро аввалҳои моҳи июл пешвоз гирад.

Мередов дар ҳамин нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки то ҳол Туркманистон ба кишварҳое шомил мешавад, ки бо коронавирус рӯ ба рӯ нашудааст.

Ӯ далоили набудани коронаро на  саривақт бастани марз, балки рушди низоми тандурустӣ гуфтааст. 

Бояд таъкид кард, ки сафари ҳайати СУТ интизор мерафт дар моҳҳои май, пас аз боздиди ташкилот аз Тоҷикистон суръат гирад. Дар натиҷа коршиносони СУТ дар Тоҷикистон ба ҷои як ҳафта ду ҳафта монаданд, аммо дар ин муддат Туркманистон ташкилотро ба кишвараш даъват накард.

Аввалҳои июн намояндаи СУТ Ханс Клюге ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ташкилот бо намояндагони Туркманистон доим дар гуфтугӯ аст ва сафари ҳайат ду ҳафтаи наздик ба нақша гирифта шудааст.

Бо далели номаълум: Туркманистон то ҳол ба фураҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад

Ин севумин рӯзи сафари банақшагирифтаи СУТ ба Туркманистон аст, ки то ҳол анҷом намерасад. Дар ҳоле ки мақомоти кишвар исрор меварзад, ки коронавирус дар Туркманистон нест, расонаҳои мустақил аз гирифторони COVID-19 дар Туркманистон ҳанӯз моҳи апрел гузориш доданд.

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ